апрел 2022

Хизматрасониҳои Институт

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 28-уми апрели соли 2022

Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро мувофиқи Оиннома пешниҳод менамояд:
- гузаронидани ташхиси хокҳои ҷумҳурӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физикӣ – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳо;
- гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи агрокимиё ва хокшиносӣ;
- қабули аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва докторанон аз рӯи ихтисоси РhD;

Тоҷикӣ

Услуги Института

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 28-уми апрели соли 2022

Список услуг и объявлений относящихся к услугам Института размещяются в блоке «Услуги» или менюи «Услуги».

Русӣ

Мавзеъи Кокули ноҳияи Фархор

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Панҷшанбе, 07-уми апрели соли 2022

Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р аз 01-04 феврали соли  2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи Кокули ноҳияи Фархор сафари кори анҷом дода, намунаҳои хоки ин мавзеъро барои таҳлил гирифтанд. Аз натиҷаи ташхиси намунаҳои хок ба заминистифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии ин мавзеъ тавсияҳои судманд доданд.

Тоҷикӣ

Оғози корҳои илмӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 05-уми апрели соли 2022

Олимони Институт дар асоси нақшаи кории шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ барои интихобу кишти зироатҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва гирифтани намунаҳои хок барои ташхиси агрохимиявию микробиологӣ аз 15 то 17- марти соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон вилояти Хатлон равона гардиданд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ онҳо корҳои ба зиммашон гузошташударо бо истифода аз навгониҳои илмӣ ва истифодабарии нуриҳои органикиву микробиологӣ кишти зироатҳои лубиёдонагиҳоро гузарониданд.

Тоҷикӣ