апрель 2022

Мавзеъи Кокули ноҳияи Фархор

Автор: Эмомов И. М. Дата публикации: Thursday, 7 апрель, 2022 - 12:04

Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р аз 01-04 феврали соли  2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи Кокули ноҳияи Фархор сафари кори анҷом дода, намунаҳои хоки ин мавзеъро барои таҳлил гирифтанд. Аз натиҷаи ташхиси намунаҳои хок ба заминистифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии ин мавзеъ тавсияҳои судманд доданд.

Таджикский

Оғози корҳои илмӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ

Автор: Эмомов И. М. Дата публикации: Tuesday, 5 апрель, 2022 - 16:21

Олимони Институт дар асоси нақшаи кории шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ барои интихобу кишти зироатҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва гирифтани намунаҳои хок барои ташхиси агрохимиявию микробиологӣ аз 15 то 17- марти соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон вилояти Хатлон равона гардиданд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ онҳо корҳои ба зиммашон гузошташударо бо истифода аз навгониҳои илмӣ ва истифодабарии нуриҳои органикиву микробиологӣ кишти зироатҳои лубиёдонагиҳоро гузарониданд.

Таджикский