01 .11.2024. Имрӯз дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон (АИКТ) ба муносибати 30-юмин солгарди тасвиби Конститутсия ва эълони “Соли маърифати ҳуқуқӣ” ҷамъомади тантанавӣ баргузор гардид. Дар ин ҷаласа Амонулло Салимзода Президенти АИКТ, Маҳмароиб Тоҷиддинов намояндаи Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Фазлиддин Икромӣ намояндаи Парлумони Тоҷикистон ва тамоми роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва олимону мутахассисони он ширкат намуданд.
Нахуст ҷаласаи тантанавиро Амонулло Салимзода ифтитоҳ намуда, меҳмононро хайрамақдам гуфта, ба ин ҷашни муборак ҳамаи ҳозиринро табрик намуд. Зимни суханронии хеш ӯ аз аҳамият ва нақши Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳамаи мардуми кишвар, чунин ибрози назар намуд: “Конститутсия олитарин санади ҳуқуқии ҳар як кишвар ва дастури муқаррар намудани қонунҳои дигар мебошад. Конститутсия принсипҳои сиёсӣ, сохтор, сатҳ, мавқеъ ва ҳудуди қудрати сиёсии ҳукумати кишвар ва ҳуқуқҳои шаҳрвандони кишварро муайян ва кафолат медиҳад. Ҳеҷ як қонун набояд ба Конститутсия мухолиф бошад.”
Сипас, иштирокчиён зимни суханрониҳои хеш таъкид доштанд, ки Конститутсия ҳамчун сарчашмаи қонунгузории мамлакат ва заминаи асосии рушди муносибатҳои ҳуқуқӣ дар таҳкими рукнҳои давлатдории навини тоҷикон, нақши муҳим дорад. Тибқи Конститутсия, Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон гардид. Ин имкон дод, ки Тоҷикистон ба ҷомеаи ҷаҳонӣ пайваста, дар арсаи байналмилалӣ онро эътироф намоянд.
Ҳамзамон қайд гардид, ки эълони соли “Маърифати ҳуқуқӣ” дар соли ҷорӣ бамаврид буда, чун ҳамаи шаҳрвандони кишвар дар тули сол ба ин мавзуъ таваҷҷуҳи зиёд зоҳир намуданд. Тибқи мушоҳидаҳо ниёз ба донишҳои ҳуқуқӣ рӯз ба рӯз бештар шудааст, ки дар ин давраи муҳим барои расидан ба адолати иҷтимоӣ нисбат ба дигар давраҳо, донишҳои муосири ҳуқуқӣ яке аз меъёрҳои фарқкунандаи давлатҳо дар арсаи байналмилалӣ мебошад.










Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.

















