Оғози корҳои илмӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 05-уми апрели соли 2022

Олимони Институт дар асоси нақшаи кории шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ барои интихобу кишти зироатҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва гирифтани намунаҳои хок барои ташхиси агрохимиявию микробиологӣ аз 15 то 17- марти соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон вилояти Хатлон равона гардиданд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ онҳо корҳои ба зиммашон гузошташударо бо истифода аз навгониҳои илмӣ ва истифодабарии нуриҳои органикиву микробиологӣ кишти зироатҳои лубиёдонагиҳоро гузарониданд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш аз рафти иштироки кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар таҷлили баргузории иди "Сада " дар боғи фарҳанги фароғатии А.Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 01-уми Феврали соли 2022

Санаи 30-юми январи соли 2022 дар Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуданд.   

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Тоҷикӣ

Шарҳи Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Ҷумъа, 28-уми Январи соли 2022

   Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба шарҳу тавзеҳи  Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 21 декабри соли 2021 миззи мудавар баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Паёми Пешво - раҳнамо барои фардои дурахшон.

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Чоршанбе, 26-уми Январи соли 2022

Лозим ба ёдоварист, ки дар Паёми навбатӣ  самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷи мамлакат барои давраҳои муайян пешниҳод гардида, ҳамаи нуктаҳои Паёми илҳомбахши Ҷаноби Олӣ барои ваҳдати комили миллӣ, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум мусоидат менамоянд. Паёми имсолаи  Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон махсусан ба соҳаи кишоварзӣ диққати махсус зоҳир намуда,  як қатор  тағйироту дигаргуниҳо ба амал оварда шуд.

Тоҷикӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати соли нави мелодии 2022

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 31-уми Декабри соли 2021

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии соли нави мелодии 2022 самимона табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо тандурустӣ, иқболи нек ва рӯзгори обод орзу менамоям.

Соли 2021, ки сипарӣ шуда истодааст, барои Тоҷикистони азизи мо соли воқеан таърихӣ гардид.

Тоҷикӣ

Рӯзи умуми ҷаҳонии хок

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Душанбе, 06-уми Декабри соли 2021

 Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи умуми ҷаҳонии хок”-дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки хок ин ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъоляти хоҷагидорӣ буда ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа моҳи июни соли 2013 пешниҳоди таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар кунгураи 68- уми Созмони Милали Муттаҳид расман қабул гардид.

Тоҷикӣ

Рӯзи Президент

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 16-уми Ноябри соли 2021

      Бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони " Президенти маҳбуби мо " баргузор гардид,ки дар он олимону мутахассисони соҳаи мазкур иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба ин рӯзи муқаддас баён намуданд.Сараввал Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Асозода Н.М, ҳозиринро оид ба таърих ва моҳияти ҷашнгирии " Рӯзи Президент " ошно намуда, иброз доштаанд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ