ТАНТАНАИ ҶАШНИ САДА ДАР БОҒИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ
Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи
Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.
Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.
Ҳайати олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ санаи 13.01.2023 дастаҷаъона гируду атрофи бино, роҳраву саҳни онро аз барф ва ахпораҳо таза намуданд. Инчунин дарахтони ороишӣ ва мевадиҳандаро аз барф тоза намуда, системаи хизматрасонии гармидиҳии гармхонаи доимоамалгунандаи назди бинои муассиса ва қубурҳои гармидиҳии муассисаро низ аз назар гузарониданд.
Олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои коркарди босифати байни қатори дарахтони мевадиҳанда ва башаклдарории онҳо ба хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара сафарбар гардида, тӯли чанд рӯз аст, ки бо риояи чорабиниҳои агротехникї дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд. Инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, беҳгардонии ҳолати мелиоративии хок ва ворид намудани нуриҳои минералию органикӣ дар байни боғу токзор тавсияҳои судманди илмиро ба кишоварзон пешниҳод намуданд.
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиро ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2023 самимона табрик мегӯям.
Ба хонадони ҳар яки шумо бахту иқболи нек, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо боз як соли хотирмону таърихӣ ба ҳисоб меравад.
Бо вуҷуди таъсири манфии буҳрони иқтисодиву молиявӣ ва дар шароити бисёр мураккабу ҳассоси ҷаҳони муосир дар соле, ки сипарӣ гардида истодааст, рушди устувори иқтисоди миллӣ ба хотири расидан ба ҳадафҳои стратегии мамлакат ба андозаи 8 фоиз таъмин гардид, ки ин яке аз нишондиҳандаҳои беҳтарин мебошад.
Санаи 29.12.2022 дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ҷаласаи васеи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа намояндаи АИКТ Ятимзода Хуршед ноиби президент оид ба масъалаҳои умумӣ, роҳбарони стансияву пойгоҳҳои Институт аъзёни Шӯрои олимон ва аҳли кормандон иштирок намуданд.
Тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал ҳисоботи директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия н.и.к. Хоҷаев Шариф Идиевич оид ба натичаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 шунида ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.
Муҳтарам аъзои Маҷлиси миллӣ ва вакилони Маҷлиси намояндагон!
Ҳамватанони азиз!
Соли 2022 барои Тоҷикистони мо, дар маҷмӯъ, соли бобарор буд.
Ба шарофати заҳмати содиқонаи мардуми кишвар раванди созандагиву ободкорӣ бомаром идома ёфта, нақшаву барномаҳои пешбинигардида ҷиҳати таъмин намудани рушди устувори иқтисоди миллӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии сокинони мамлакат ҳадафмандона амалӣ карда шуданд.
Чунонки ба ҳама маълум аст, солҳои охир вазъи сиёсиву иқтисодии ҷаҳон хеле мураккаб гардида, ҳоло инсоният дар давраи ниҳоят ҳассос ва душвортарини таърихи қариб сад соли охири худ қарор дорад.
Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17.12.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н.М., директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Хоҷаев Ш.И. ва олимону мутахассисони соҳа дар Пойгоҳи минтақавӣ таҷрибавӣ Тангаӣ шаҳри Ваҳдати Институти хокшиносӣ ва агрохимия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар ин чорабинии муҳим аҳли кормандони муассиса ва пойгоҳ фаълона иштирок намуда, дар нишебизаминзҳои аз боришот нимтаъмин ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан инчунин дарахтони гуногуни мевадиҳанда, аз қабили сиёҳолу, зардолу, себ, нок, хуч, шинониданд.