Сада, ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам, ёдгор аст.
Имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро, ки ба феҳристи ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил менамояд.
Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана, ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО доир гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узв ширкат намуда, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон – “Ҷашни Сада” ба феҳристи меросии ғайримодии башарият сабт шуд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҷашну маросимҳои бостонии ориёӣ ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ, оммавӣ намудани ҳар кадоми онҳо, бахусус ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада паёме барои насли ояндаи мо аст. Барои мардуми тоҷик истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард, ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро мутобиқ бо шароити замонавӣ таҷлил намоянд.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, пешвои миллат, президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар як паёми хеш дар иртибот ба ҷашни Сада ишора кардаанд, омадааст: “Сада моҳиятан ҷашни кишоварзон буда, ба марди деҳқон аз наздик шудани фасли баҳору оғози корҳои саҳро хабар медиҳад ва аҳли заҳматро ба андешаи давраи нави кишоварзӣ ва боғдорӣ ҳидоят менамояд. Марди кишоварз бо нияти нек ба фасли баҳор тайёрӣ мебинад ва тибқи таомули аҷдодӣ хокистари гулхани ҷашни Садаро бо умеди ҳосили фаровон ба замин мепошад.”
Дар кишвари мо соли ҳафтум аст, ки аз Сада ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад ва мардуми кишоварз ва масъулони ин соҳа ин идро рамзи хуррамиву ободонӣ медонанд. Фаро расидани ин ҷашн пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор хабар медиҳад.
Тибқи тақвимҳо Сада ба анҷоми чиллаи калон рост меояд. Ба поён расидани сардии фасли сол мардум дастаҷамъона шодиву хурсандӣ карда, якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик мекарданд ва ба мисли дигар ҷашнҳои бостонӣ, суфраи зебои идона ороста орзу мекарданд, ки ба сарзаминашон фасли бобаракту фаровонӣ қадам гузорад.
Фалсафаи ин ҷашнро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад.
Абулқосим Фирдавсӣ дар “Шоҳнома” пайдоиши ҷашни Садаро ба подшоҳи дуюми пешдодӣ Ҳушанг нисбат медиҳад. Мувофиқи нигориши шоир Ҳушанг ба мардум тарзи афрӯхтани оташро омӯзонид ва ҷашни Садаро бунёд гузошт.
Қобили ёдоварист, ки Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон ҷашнҳои қадимии аҷдоди ориёии мо буда, то ҳол баъзе аз маросиму оинҳои он маҳфуз мондаанд. Пажӯҳишгарони ин мавзӯъ дар мақолаҳои худ таъкид кардаанд, ки ин чор ҷашни бостонӣ, ҷашни кайҳонӣ ё нуҷумианд ва робитаи инсон бо табиат, ойинҳои вобаста ба корҳои кишоварзон ва ҳунармандон буда, беҳтарин ғояҳои инсонӣ моҳият ва муҳтавои онҳо мебошанд. Ин ҷашнҳо марбут ба чаҳор фасли сол буда, гиромидошти унсурҳои муайяни табиат дар маркази ҳар яке аз онҳо қарор доранд.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи садсолаҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатиамон мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.
Ин ҷашн ҳамасола, рӯзи 10-уми моҳи баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардад ва ба 30 – уми январи солшумории милодии имсол мутобиқ аст.
Ҳарчанд дар Тоҷикистон дар қарни гузашта аз ин ид ҷашн гирифта намешуд, лекин бузургсолони мо аз фаро расидани чиллаи калони зимистон ва пас аз сипарӣ шудани 40 шабонарӯзи он ва оғози чиллаи хурд, яъне аз фаро расидани Сада ёдовар мешуданд.
Дар тули ҳазорсолаҳо ин ҷашн пирӯзии рӯшноӣ бар торикиро ифода намуда, бо тантанаи оташафрӯзӣ омадани фасли баҳор ва муждаи омад-омади Наврӯзро мерасонд.
Сари вожаи Сада шарҳу тавзеъҳо зиёданд, зеро он аслан аз шумораи сад гирифта шуда, аз 10-уми моҳи баҳман то омадани Наврӯз 50 шабу 50 рӯзро фаро мегирад. Ба қавли Абурайҳони Берунӣ аҷдодони барӯманди мо шабу рӯзро алоҳида ҳисоб мекарданд ва он дар якҷоягӣ то расидани Наврӯз 100 шабу рӯзро дар бар мегирифт.
Пазироии ҷашни Сада аз ҷониби Ҳушангро Фирдавсӣ чунин навиштааст:
Шаб омад, барафрӯхт оташ ба кӯҳ,
Ҳамон шоҳу дар гирди шоҳ он гурӯҳ.
Яке ҷашн кард он шабу бода х(в)ард,
Сада номи он ҷашни фархунда кард.
Зи Ҳушанг монд ин Сада ёдгор,
Басе бод чун ӯ дигар шаҳриёр.
Ниёгони мо афрӯхтани оташро омӯхта, барои нигоҳдории он мекӯшиданд.
Абурайҳони Берунӣ дар “Китоб - ут-тафҳим” ҷашни Садаро рамзи пирӯзии Фаридун бар Заҳҳок шумурда, фарорасии адолату осоишро дар мамлакат ба оташафрӯзии ойини Сада нисбат медиҳад. Ҳамин тариқ, пазироии ҷашни Садаро ба шоҳони пешдодӣ Ҳушангу Фаридун нисбат дода, онро бо афрӯхтани гулхан ва дар атрофи он рақсу бозӣ намудан бо шукӯҳу шаҳомоти хоса пешвоз мегирифтанд.
Дар даврони соҳибистиқлолӣ ба мисли гузаштагонамон, бахусус деҳқонон якчанд рӯз пеш ба ин ҷашн омодагӣ мегиранд. Ҳезумро ҷамъ карда, барои гулханафрӯзӣ дар мавриди ғуруби Офтоб ҳазорҳо нафар одам гирди ҳам омада, хурсандӣ карда, сайру гашти оммавӣ барпо менамоянд. Дар гузаштаҳо фардои рӯзи Сада баъзе деҳқонон аз хокистари монда чун рамзи баракату фаровонии ҳосил бурда ба заминҳояшон мепошиданд. Ин амал маънои поён ёфтани зимистон ва оғози омодагӣ ба фарорасии баҳорро ифода мекунад. Аз ин ҷо маълум мешавад, ки иди Сада омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ ва истиқболи Наврӯз мебошад.
Дар имрӯз низ ба муносибати Сада дар марказҳои фарҳангӣ кишоварзони кишвар бо ҳезум оташафрӯзӣ намуда, дастовардҳои хешро дар ин ҷашни миллии бостонӣ дар маърази намоиш қарор медиҳанд.
Ҷашни Сада дар тӯли таърих ба мухолифати мутаассибон рӯ ба рӯ шуда, нисбат ба Наврӯзу Меҳргон камрангтар доир мегардид.
Ҳукумати Тоҷикистон ба эҳёи ҷашнҳои бостонӣ таваҷҷӯҳи хосае зоҳир намуда, аз ҷумла аз соли 2016 ба ин сӯ дар кишвари мо Сада ҷашн гирифта мешавад.
Ҳамсола кишоварзон дар рӯзҳои баргузории ин ҷашн намоиши ниҳолҳо, меваҷоту сабзаҷот, навъҳои гуногуни таомҳои миллӣ марбут ба ин ид ва таҷҳизоту техникаи кишоварзиро роҳандозӣ намуда, маҳсули заҳмати деҳқонону ҳунармандон ба маърази тамошои мардуми ҷумҳурӣ ва меҳмонон гузошта мешавад.
Дар воқеъ ҷашни Сада, таҷассуми ғояҳои неки башардӯстона аст ва мардумро ба дӯстиву бародарӣ ва заҳмату ободкорӣ даъват менамояд.
Ҳар он чизе, ки аз маъхазу сарчашмаҳо ва мақолаҳои пажӯҳишии муҳаққиқони кишварҳои гуногун хондему мавриди истифода қарор додем, мешавад чунин натиҷагирӣ кард, ки ҷашн, ҷашни ҳамкорӣ ва ҳамбастагии мардумон аст. Мардумони ҳар қавму ҳар мазҳабе дар ин ҷашни бостонӣ ширкат мекунанд ва бо баргузории маросими равшан кардани оташ ва ҳалқа задан ба даври он, маросимҳои овозхониву рақсидан, мизбониву пазироӣ аз меҳмонон бо хӯрокҳову нонҳои хос ва шириниву меваҳо ва ғайра ҳамроҳ аст.
Дар даврони соҳибихтиёрӣ, шоирони муосири тоҷик низ шеърҳо ба ҷашни Сада бахшидаанд, ки ин тарғибу ташвиқи хештаншиносии таърихиву фарҳангии мардуми моро боло бурда, ба эҳсоси ватанпарастӣ ва ҳуввияти миллии тоҷикон таъсири мусбат мерасонад.
Бо ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада, ҳамаи мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзиро табрик гуфта, ба ҳамагиатон тандурустиву шодкомӣ ва саломатӣ орзӯ мекунем.
Майрамбӣ Зокирова, ходими
калони илмии шуъбаи
иттилоот, машварат ва
татбиқи дастовардҳои илмии
Институти хокшиносӣ ва
агрохимияи АИКТ.