БАРГУЗОРИИ РӮЗИ САҲРОӢ ДАР СТАНСИЯИ ТАҶРИБАВИИ ХОКШИНОСИЮ МЕЛИОРАТИВИИ ВАХШ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 15-уми Июли соли 2024

     15.07.24.  Олимон ва мутахассисони шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологии Институти хокшиносӣ ва агрохимия зимни баргузории Рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодаи нурии микробиологии “Азотобактерин” дар кишти такрорӣ” ба истифодабарандагони замин, фермерон ва хоҷагиҳои деҳқонии Стансияи таҷрибавии хокшиносию мелиоративии Вахши ноҳияи Кӯшониён тавсияҳои судманд доданд.

     Дар нахуст олимони ин соҳа таваҷҷуҳи иштирокчиёнро дар бораи “Азотобактерин” ва таъсири мусбати он ба зироатҳои кишоварзӣ ҷалб намуда изҳор доштанд, ки дар мавриди истифода аз ин нурӣ ҳосилнокии зироатҳо нисбат ба заминҳои қаблӣ аз 8 то 12 с/га бештар мегардад.

        Сипас, дар қитъаи таҷрибавӣ маҳлули 5%-и нурии микробиологиро  бо тухмиҳо коркард намуда, бо таҷҳизоти тухмишинонаки қаторӣ ба кишт оғоз карданд.

     Соли чорум аст, ки  олимону мутахассисони муассиса корҳои илмӣ-таҳқиқотии худро бо истифодаи ин нуриҳо дар қитъаҳои таҷрибавии хурд  мавриди омӯзиш қарор додаанд ва имсол  бори аввал аст, ки дар о,5 га замин ин усулро роҳандозӣ менамоянд.

     Тоҷикистон як кишвари кишоварзӣ аст ва раванди тағйироти обуҳавоӣ на фақат дар давлатҳои ҷаҳон, балки дар ҷумҳурии мо низ зиёд эҳсос мешавад. Дар чанд даҳаи охир гармшавии курраи Замин ба инсон, табиат ва ба соҳаи кишоварзӣ бошад бо омадани сел, хушксолӣ,  оташсӯзиҳо, тӯфонҳо ва гарду хокҳо  таъсири худро мерасонад. Аз ҳамин лиҳоз олимони  институт аз рӯи 3 лоиҳаи фармоишӣ дар ин робита корҳои илмии худро амалӣ менамоянд. Яке аз онҳо мутобиқшавии зироатҳои кишоварзӣ ба тағйирёбии иқлим мебошад.

     Қобили тазаккур аст, ки  дар ин раванд истифодаи нуриҳои микробиологии азотобактерин, фосфобактерин ва биокомпост ба маврид буда,  натиҷаҳои дилхоҳ ба даст овардааст.

 

 

 

 

 

 

Тоҷикӣ

Меню: