Сентябр 2024

ТАЪСИРИ НУРИҲОИ МИКРОБИОЛОГӢ БА ХУСУСИЯТҲОИ ХОКУ РАСТАНӢ ВА МОҲИЯТИ ХОБОНДАНИ БИОКОМПОСТ ДАР ШАРОИТИ ВОДИИ ВАХШ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 20-уми Сентябри соли 2024

     20.09.2024. Имрӯз дар ноҳияи Кушониён конференсияи илмию амалии минтақавӣ дар мавзуи «Таъсири нуриҳои микробиологӣ ба хусусиятҳои хоку растанӣ ва моҳияти хобонидани биокомпост дар шароити водии Вахш», дар доираи қарори Раёсати АИКТ «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024» баргузор гардид.

Тоҷикӣ

33 СОЛИ ПУРСАМАР ВА БУРДБОРИҲО

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 06-уми Сентябри соли 2024

     06.09.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “33 соли пурсамар ва бурдбориҳо” баргузор гардид.

     Дар он масъулин ва олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ ширкат намуданд.

Тоҷикӣ

ДАР ТОҶИКИСТОН СОЛИ НАВИ ТАҲСИЛ ОҒОЗ ГАРДИД

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 01-уми Сентябри соли 2024

     01.09.2024. Имрӯз дар саросари Ҷумҳурии Тоҷикистон соли нави хониш дар тамоми мактабҳои миёна ва олии кишвар оғоз гардид, ки  ҳамасола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба яке аз муассисаҳои таълимӣ ташриф меоваранд ва бо намояндагони илму маориф мулоқот менамоянд.

     Имсол муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рустами Эмомалӣ Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе дар ноҳияи Сино муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №19-ро мавриди истифода қарор дода, дар оғози соли нави таҳсили 2024-25 ширкат намуданд.

Тоҷикӣ