Декабр 2024

Корҳои тамирию аз навсозӣ дар Институти Хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 19-уми Декабри соли 2024

Дар Институти Хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ”  ва компоненти сеюми лоиҳаи  мазкур таъмири асосӣ оғоз гардидааст. Барои беҳтар намудани шароити кории кормандони Институт айни замон дар 10 утоқи кории “Озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ” дар масоҳати 300,59 метри мураббаъ, 4 ташноб (ҳоҷатхона) дар масоҳати 17,5 метри мураббаъ ва роҳрав дар масоҳати 68,3 метри мураббаъ  таъмир идома дорад.  Тибқи талаботи сохтмон ва меъёрҳои экологии ва иҷтимоӣ, пудратчиён ва коргарон ба кор ҷалб гардида, ҳамаи нозукиҳои корҳои таъмиру сохтмониро   дар муҳлати муайян ба анҷом хоҳанд расонд.

 

Тоҷикӣ