МАРГИ НОБАҲАНГОМИ ҲАСАН АСОЕВ КОРШИНОСИ МАСОИЛИ ЭКОЛОГИИ ТОҶИК!

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 10-уми Октябри соли 2024

          Асоев Ҳасан Мирзоевич 20 майи соли 1964 дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (собиқ ноҳияи Москва) ба дунё омадааст. Соли 1987 Институти педагогии шаҳри Душанбе ба номи Т.Г.Шевченко (ҳоло Донишгоҳи давлатии омӯзгории шаҳри Душанбе ба номи С.Айнӣ) ва соли 2011 Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат (ҳоло Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон)-ро хатм намудааст.   

     То ин муддат ба ҳайси сармутахассиси шуъбаи иттилоот, машварат ва тадбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кору фаъолият мекард.

     Фаъолияти кории Ҳасан Асоев аз муаллими биология-химияи мактаби миёнаи №25 ноҳияи Мир Саид Алии Ҳамадонии Вилояти Хатлон шурӯъ шуда, сипас ба ҳайси лаборанти калони шуъбаи генетикаи пахтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, аспиранти рӯзонаи лобораторияи экофизиологияи шуъбаи генетикаи пахтаи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, саркотиби илмии Академияи хурди илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, мудири шуъбаи мамнуъгоҳ ва парваришгоҳҳои Пажуҳишгоҳи илмию тадқиқотии хоҷагии ҷангал, роҳбари таҷрибаомӯзии Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат ва устоди экология дар кафедраи тарбияи ҷисмонӣ ва ҳифзи муҳити зист, сармутахассиси шуъбаи иттилоот, машварат ва тадбиқи дастовардҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон идома ёфтааст.

     Асоев Ҳасан Мирзоевич дар миқиёси ҷумҳурӣ ҳамчун коршиноси масоили экологӣ эътироф гардидааст. Фаъолияти илмӣ –пажуҳишӣ ва эҷодии ӯ асосан ба масоили муҳити зист, камбуди об ва тағйирёбии иқлим дар кишвар, минтақа ва ҷаҳон, инчунин ташаккул додани консепсияи сиёсати экологӣ барои ноил шудан ба рушди устувор  ва дар асоси арзишҳои илмӣ ба вуҷуд овардани ғоя ва идеологияе мебошад, ки ҷиҳати ҳифз ва нигоҳ доштани мувозинати табиии сайёра мусоидат менамояд.

     Ӯ бо таваҷҷӯҳ ба мавқеи ҷуғрофии кишварамон то кунун осори зиёдеро  мунташир кардааст. Амсоли         Гунбази намаки Хоҷамӯъмин,  Вазъи экологии шаҳри Душанбе, Масъалаҳои муҳимтарини экологияи муосир, Мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон; Тавсифи умумӣ ва вазъи экологӣ, Баъзе масъалаҳои экологии Тоҷикистон, Масъалаҳои муосири мамнӯъгоҳҳои Тоҷикистон,  Парваришгоҳи Сари Хосор, Экотуризми Сари Хосор; муаммо, мушкилот ва дурнамои он, инчунин китоби 3 ҷилда роҷеъ ба НБО Роғун- Роғун машъалафрӯзи минтақа, ҷ.1, НБО-и “Роғун”–кафолати рушди устувори минтақа, ҷ. 2 ва НБО-и “Роғун” намунае аз иқтисоди сабзи минтақа, ҷ.3-ро соли 2022 ба чоп расонид, ки аз ҷониби олимон, муҳаққиқон ва коршиносони масоили экологии кишвар ва ҳатто хориҷ вокуниши зиёд ба бор овард.

     Умуман самти пажӯҳиши илмии Ҳасан Асоевро омӯзиш ва таҳқиқи масоили экологӣ дар сатҳҳои гуногун фаро мегирифт. Аз ҷониби ӯ, зиёда аз 250 корҳои илмӣ ва илмию оммавӣ, аз ҷумла: 11 монография ва беш аз дусад мақолаи илмӣ, илмию оммавӣ ва матбуотӣ нашр ва садҳо суҳбату назарҳои таҳлилӣ тавассути телевизионҳо ва радиоҳои ҷумҳурӣ ва хориҷӣ пахш гардидааст.

      Қобили зикр аст, ки чанде аз олимони ҷавони тоҷик нақши публисистии Ҳасан Асоевро дар як бахши рисолаҳои илмиашон мавриди омӯзишу таҳлил қарор дода, ба унвонҳои илмӣ мушарраф гардидаанд. Ба ибораи дигар, асару рисолаҳои таълифнамудаи ӯ ҳамчун маводи асосӣ дар пажӯҳиши олимони ҷавон мавриди истифода қарор мегиранд. Чунин далелҳо нишондиҳандаи мақому ҷойгоҳи Ҳасан Асоев дар илми тоҷик аст.

     Бахусус зимни ширкат дар семинару конференсияҳои ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ, инчунин дар сафарҳои хизматӣ ба манотиқи мухталифи кишвар, ҳамеша сиёсати пешгирифтаи давлати Тоҷикистонро дар ҳаллу фасли масоили тағйирёбии иқлим ва об дар минтақа ва ҷаҳон ҳимоят намуда, ибтикороти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин масоил ва дигар барномаву қатъномаҳо дар сатҳи ҷаҳонӣ, ки нуфуз ва мавқеи кишварамонро баланд мебардорад, пуштибонӣ менамояд.

     Ҳасан Асоев ҳамасола дар озмунҳои экологии ҷумҳурӣ ширкат менамуд ва 5 маротиба дар озмуни экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барандаи мақомҳои аввал ва силсилаи китобҳо дар мавзӯи НБО –и Роғун унвони “Китоби сол”- ро аз тарафи Вазорати фарҳанги Тоҷикистон ноил гаштааст.

     Ҳамзамон аз соли 2019 узви Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон буд.

    Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва Институти хокшиносӣ ва агрохимия бо андӯҳи зиёд бинобар даргузашти ҳамкор ва дӯстамон Ҳасан Асоев, ба пайвандону наздикони марҳум изҳори ҳамдардӣ ва тасаллияти амиқ намуда, ба онҳо сабри ҷамил хоҳонем.

 

 

Тоҷикӣ

Меню: