Ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон санаи 17.12.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Асозода Н.М., директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ Хоҷаев Ш.И. ва олимону мутахассисони соҳа дар Пойгоҳи минтақавӣ таҷрибавӣ Тангаӣ шаҳри Ваҳдати Институти хокшиносӣ ва агрохимия маъракаи ниҳолшинонӣ оғоз гардид.
Дар ин чорабинии муҳим аҳли кормандони муассиса ва пойгоҳ фаълона иштирок намуда, дар нишебизаминзҳои аз боришот нимтаъмин ниҳолҳои ороишӣ ва сояафкан инчунин дарахтони гуногуни мевадиҳанда, аз қабили сиёҳолу, зардолу, себ, нок, хуч, шинониданд.