Табрикоти директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар корҳои  илмию амалиатон  комёбиҳо орзу менамоем.
Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон,
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон.
Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор.
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон.

Тоҷикӣ

Меню: