Хизматрасониҳои Институт

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Якшанбе, 11-уми Июни соли 2023

Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро мувофиқи Оиннома пешниҳод менамояд:
- гузаронидани ташхиси хокҳои ҷумҳурӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физикӣ – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳо;
- гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи агрокимиё ва хокшиносӣ;
- қабули аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва докторанон аз рӯи ихтисоси РhD;
- тезонидани раванди илми-техникӣ дар соҳаи хокшиносӣ, агрокимиё, мелиоратсия, агроиқлимӣ, коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, дар маҷмӯъ  истифода бурдани захираҳои обу хок, дар амал ҷорӣ намудани низоми сарфакорона истифода бурдани захираҳои табии дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунонӣ дар соҳаи зироаткорӣ;
- омӯзиши масъалаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки барои амали сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд;
- коркарди асосҳои оқилона истифода бурдани замин ва бо назардошти тағъирёбии иқлим такмили усулҳои нигоҳ доштани намии хок ва сарфакорона истифода бурдани об дар соҳаи кишоварзӣ;
- дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои байниҳамдигарии Институт бо сохторҳои зертобеи он;
- омӯзиш ва ҷамъбаст намудани дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ баҳри беҳтар истифода бурдани он дар рушди истеҳсолот;
- бо мақсади фаъолияти пурмаҳсули илмӣ, таъмин ва муҳаё намудани шароитҳои меҳнатӣ барои олимони Институт.

 Дар баробари вазифаҳои асоси ба ӯҳдаи Институт вогузор карда шудааст:
-    коркарди чорабиниҳои илмию техникӣ, таълимӣ, пешгӯии иқтисодӣ ва тарҳрезии барномаҳо оид ба истифодаи самараноки захираҳои хок ва замин дар минтақаҳои обёришаванда, суръат бахшидани истифодаи заминҳои лалмӣ, аз худ намудани заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои чарогоҳ;
- гузаронидани маслиҳатҳои илмию методӣ ҷиҳати таҳқиқи хок, баҳо додан ба сифати хок баҳри андешидани тадбирҳои зарурӣ бар зидди таназзулёбии хок;
- гузаронидани корҳои ташфиқотию фаҳмондадиҳӣ, семинару машваратҳо дар бораи истифодаи самараноку оқилонаи замин, коркарди хок, кишт ва истифодабарии самараноки нуриҳои органикию маъданӣ;
- таъмин намудани назорати муаллифӣ барои ҷорӣ намудани технологияи муосир;
- иштирок дар корҳои илмию тадқиқотӣ, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн аз ҷониби Институтҳои илмию тадқиқотии мамлакатҳои хориҷӣ гузаронида шудаанд.

Тоҷикӣ