Ҷашни Сада дар пойтахти Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил гардид.

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 28-уми Январи соли 2024

      28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгон, нишоне аз мероси фарҳанги тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

     Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ оташ, ки рамзи ин ид аст афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Бахусус кӯдакон бо либосҳои    миллӣ ва дар даст олоти кишоварзӣ аз ин ҷашни ниёгонамон бо хушнудӣ истиқбол мекарданд.

       Боғ фазои идона дошт ва дар ҳар гӯшаи он кишоварзон аз минтақаҳои гуногуни кишвар дастранҷи худро, ки хоси он минтақа мебошад, инчунин олоти кории кишоварзӣ, тухмии зироат, техникаҳои соҳавӣ, хӯрокҳои миллӣ, гулу буттаҳои ороишӣ ва дигар маҳсулотеро, ки ифодагари ҷашни Сада мебошанд, пешниҳод ва  дар маърази тамошои ҳозирин гузоштанд.

         Аз ҷумла, олимону кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бо дастовардҳои илмии худ дар ин базмгоҳ ширкат намуданд. Аз ғурфаи Институт намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурӣ, меҳмонони дохил ва хориҷ дидан намуданд.

      Дар кишвари мо  соли ҳафтум аст, ки аз Сада ба таври расмӣ ҷашн гирифта мешавад ва мардуми кишоварз ва масъулони ин соҳа ин идро рамзи хуррамиву ободонӣ  медонанд. Фаро расидани ин ҷашн пеш аз ҳама, кишоварзонро аз оғози омодагӣ ба кишту кор хабар медиҳад.

Тибқи тақвимҳо Сада ба анҷоми чиллаи калон рост меояд. Ба поён расидани сардии фасли сол мардум дастаҷамъона шодиву хурсандӣ карда,   якдигарро бо фарорасии ин ҷашн табрик мекарданд ва ба мисли дигар ҷашнҳои бостонӣ, суфраи зебои идона ороста орзу мекарданд, ки ба сарзаминашон фасли бобаракту фаровонӣ қадам гузорад.

         Фалсафаи ин ҷашнро пирӯзии рӯшноӣ бар торикӣ, гармо бар сармо ва некӣ бар бадӣ ташкил медиҳад.

         Имсол тоҷикистониён Садаро дар сатҳи ҷаҳонӣ ҷашн гирифтанд.

Қобили ёдоварист, ки сунатҳову одоб ва русуми қавми ориёӣ  таърихи чандҳазорсола дошта, бештар дар ҷашнҳои то имрӯз боқимонда, амсоли Шаби Ялдо, Сада, Наврӯз, Тиргон ва Меҳргон  таҷассум ёфтаанд.

ҶАШНИ САДА БА ҲАМАГӢ  ХУҶАСТА БОД!

 

Тоҷикӣ

Меню: