06.09.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ бахшида ба 33-юмин солгарди Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мизи мудаввар дар мавзуи “33 соли пурсамар ва бурдбориҳо” баргузор гардид.
Дар он масъулин ва олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзӣ ширкат намуданд.
Нахуст Фозил Ҳасанов муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои илмӣ чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳозиринро ба муносибати ҷашни истиқлолият табрик гуфт. Ӯ зимни суханронӣ зикр намуд, ки: “Дар замони соҳибистиқлолӣ бо вуҷуди мушкилоту монеаҳои сахту сангини зиёд, таҳкурсии давлати соҳибихтиёрамон гузошта шуд ва дар соҳаҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва илмӣ муҳимтар аз ҳама, дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардуми кишварамон ба дастовардҳои назаррас ноил гардидем. Вале дастоварди бузургтарин ва неъмати пурқиматтарини мо соҳибихтиёрӣ мебошад.”
Истиқлоли Тоҷикистон рамзи соҳибдавлатӣ ва ватандории халқи сарбаланду мутамаддини мо мебошад, ки 33 сол муқаддам номаи тақдирашро бо дастони худ навишта, дар арсаи байналмилалӣ мақому манзалати хосаи худро пайдо намудааст.
Дар мизи мудаввар Абдуқаҳор Қосимов намояндаи КИМ ҲХДТ, Ҳасан Асоев намояндаи АИКТ, мутахассисони ҷавон Парвина Сониева, Мадина Шаҳобова, Фаридуни Шералӣ ва Заррина Абдулвоҳидова мудири шуъбаи итиллоот, машварат ва татбиқи дастовардҳои илмӣ аз таъриху бурдбориҳо, дастоварду муваффақиятҳои даврони соҳибистиқлолӣ дар тамоми соҳаҳои кишвар ва нақши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар асос гузоштани пойдевори давлати навини тоҷикон ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ таъкид намуда, ҳамагонро ба ҷашни Истиқлоли давлатӣ шодбош гуфтанд.