Таҳлилу омӯзиши корҳои илмӣ-таҳқиқотии олимони институт дар қитъаи таҷрибавии “Искич”-и ш. Ҳисор

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 11-уми Июли соли 2024

     Дар қитъаи таҷрибавии хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор, олимони институт ҷиҳати таҳлилу омӯзиши корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар мавзӯи «Такмили системаи идоракунии ғизогирии маъдании дарахтони мевадиҳандаи боғҳои интенсивӣ дар шароити доманакӯҳҳо»  дар давраи ҳосили мева як силсила корҳои илмиро анҷом доданд.

     Аз давраи нашъунамо ва пухтарасии дарахтони мевадиҳандаи боғҳои интенсивӣ корҳои таҷрибавии зерин дар ҳар давраи ҳисоботӣ гузаронида мешавад.

Тоҷикӣ

суратгузориш аз рафти корҳои ободонӣ дар "боғи дӯстӣ"

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 03-уми Июли соли 2024

     03.07.2024. Имрӯз олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар “Боғи Дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон дар рафти корҳои ободонӣ фаъолона ширкат намуда, дар обмонии қитъаи вобасташуда саҳм гузоштанд.

Тоҷикӣ

суратгузориш аз рафти корҳои ободонӣ дар "боғи дӯстӣ"

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 02-уми Июли соли 2024

     02.07.2024. Имрӯз олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар рафти корҳои ободонӣ дар “Боғи дӯстӣ”-и Тоҷикистону Ӯзбекистон фаъолона ширкат намуда, дар коркарди байни қаторҳо, корҳои агротехникӣ, ҳамчунин дар нарм кардани бехи ниҳолҳои зардолу ва тоза намудани алафҳои худрӯй, саҳм гузоштанд.

Тоҷикӣ

Ширкати Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷашни Тиргон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 30-уми Июни соли 2024

     30.06.2024. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни бостонии Тиргон, Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукӯҳу ҷалол таҷлил гардид.

      Дар он ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваҷот,  навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда ба мисли шарбат, афшура, обмева ва хушкмеваҳо дар маърази намоиш гузошта шуданд.

      Тиргон ҳамчунин ҷашни кишоварзон маҳсуб мегардад ва ба ин муносибат  кишовразони Тоҷикистон навҳои мухталифи меваи тару тозаи зардолу, олу, олуча, гелос, шафтолу, себ, ангур ва хушкмеваҳо, навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ – тарбуз ва харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Тоҷикӣ

Баргузории ҳамоиши илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 25-уми Июни соли 2024

     Имрӯз дар мавзуи «Саҳми олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворї», дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф (30.05.2024) ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
     Дар кори ҳамоиш меҳмонони даъватшуда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҳамзамон академикҳо, аъзоҳои вобастаи АИКТ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсорхторҳои онҳо ширкат доштанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 22-уми Июни соли 2024

     22.06.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ доир гардид, ки дар он олимону мутахассисон фаъолона ширкат намуда, алафҳои худрӯй ва  гирду атрофи бинои асосии Институтро тоза карданд.

 

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ