Баргузории даври аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 18-уми апрели соли 2024

     18.04.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуд. Қобили ёдоварист, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 01 январи соли 2024, №АП – 481 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 08.01.2024, № 6 доир гардида, бо ҳадафи амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияи пешрафта, таҳкими ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, илмомӯзиву навоварӣ роҳандозӣ мегардад.

Тоҷикӣ

15-умин солгарди Наврӯзи байналмилалӣ муборак!

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 25-уми марти соли 2024

     Имрӯз Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муштарак бо Вазорати кишоварзӣ ва  Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, дар саҳни ДАТ Иди Наврӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хоса ҷашн гирифтанд. Дар ин ҷашн олимон ва кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ фаъолона ширкат намуда, иштирокчиёни базмгоҳро ба сайри таърихии хони ҳафтсину ҳафтшин ва рамзу нишонаҳои дар он гузошта шуда, ки аз даврони бостон то ин ҷониб ҳифз шудааст, даъват намуданд. Зимни тамошо вазири кишоварзӣ  Қурбон Ҳакимзода, Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ Амонулло Салимзода ва дигар меҳмонон, хони наврӯзии Институтро беҳтарин арзёбӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Наврӯз рӯзи мувозинати табиат ва инсон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 20-уми марти соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

    Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол аст ва имрӯз Наврӯзи хуҷастапай қадами нахустини худро соати 08:06 дақиқа ба вақти Тоҷикистон ба сарзамини мо гузошт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Шариф Хоҷаев директори муассиса  ҳамаи олимону кормандонро дар ин иртибот табрик гуфта, ба ҳамагӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҷодаи илм муваффақият орзӯ намуд. Ӯ таъкид  намуд, ки Наврӯз ҷашни ниёгон ва Иди аҷдодии мардуми мо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кушишу ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар кадоми мо ҷашни ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори миллӣ онро ҷашн бигирем.
    Баҳор оғози дубора барои замин аст, ки бо ҷашну сурур ҳамроҳ шуда, ба шаҳрҳо, деҳоту хонаҳо ранги тоза медиҳад. Одобу русуми Наврӯз, оини истиқбол аз ин ин фасли сабз аст; фасле, ки омаданаш баҳонаи хубест то  мо дар такопу бияфтем ва суннатҳои куҳанро ба ҷо биоварем.
    Наврӯз ба ҳамагӣ хуҷаста бод!

Тоҷикӣ

боздиди Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода А.Ф. аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Шанбе, 09-уми марти соли 2024

     Санаи 9 уми марти соли 2024 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон узви вобастаи АИКТ Салимзода А.Ф. бо мақсади шиносои бо фаъолияти кории аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат дидан намуданд. Зимни боздид аз қитъаҳои таҷрибавӣ ва боғу дарахтони мевадиҳанда ва ороиши инчунин аз гармхонаи доимо амалкунандаи лимӯ шинос шуда, пешниҳодҳои худро  баҳри бозҳам беҳтарнамудани корҳои илмию истеҳсолӣ ба роҳбарону мутахасисон иброз намуданд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ