Наврӯз рӯзи мувозинати табиат ва инсон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 20-уми марти соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

    Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол аст ва имрӯз Наврӯзи хуҷастапай қадами нахустини худро соати 08:06 дақиқа ба вақти Тоҷикистон ба сарзамини мо гузошт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Шариф Хоҷаев директори муассиса  ҳамаи олимону кормандонро дар ин иртибот табрик гуфта, ба ҳамагӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҷодаи илм муваффақият орзӯ намуд. Ӯ таъкид  намуд, ки Наврӯз ҷашни ниёгон ва Иди аҷдодии мардуми мо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кушишу ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар кадоми мо ҷашни ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори миллӣ онро ҷашн бигирем.
    Баҳор оғози дубора барои замин аст, ки бо ҷашну сурур ҳамроҳ шуда, ба шаҳрҳо, деҳоту хонаҳо ранги тоза медиҳад. Одобу русуми Наврӯз, оини истиқбол аз ин ин фасли сабз аст; фасле, ки омаданаш баҳонаи хубест то  мо дар такопу бияфтем ва суннатҳои куҳанро ба ҷо биоварем.
    Наврӯз ба ҳамагӣ хуҷаста бод!

Тоҷикӣ

Меню: