Баргузории даври аввали озмуни «Илм-фурӯғи маърифат» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 18-уми апрели соли 2024

     18.04.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, даври аввали озмуни ҷумҳуриявии “Илм-фурӯғи маърифат” баргузор шуд. Қобили ёдоварист, ки дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати баргузории озмуни ҷумҳуриявии «Илм-фурӯғи маърифат» аз 01 январи соли 2024, №АП – 481 ва қарори Раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз 08.01.2024, № 6 доир гардида, бо ҳадафи амалӣ намудани “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” барои рушди тафаккури техникӣ, васеъ намудани ҷаҳонбинии илмӣ, дастрасӣ пайдо кардан ба техникаву технологияи пешрафта, таҳкими ихтироъкорӣ ва навоварӣ, ҷалб намудани ҷавонону наврасон ба мутолиаи китоб, илмомӯзиву навоварӣ роҳандозӣ мегардад.

     Дар озмун 5 довталаб аз рӯи номинатсияҳои химия, ихтироъкорӣ ва навъоварӣ, биология ва география ширкат намуд. Масъулияти баргузории озмуни мазкурро Ҳасан Асоев корманди раёсати Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ба уҳда дошт. Аз панҷ нафар ду нафар, Қурбоналӣ Салимов муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ дар бахши ихтироъкорӣ ва навъоварӣ ва Мусамир Раҳматов докторанти соли дуюми шуъбаи рӯзона дар бахши химия дар байни ширкаткунандагон ба ҳамаи саволҳо посухҳои дуруст ва мушаххас дода, ба даври дуюм роҳ ёфтанд.

     Дар интиҳои озмун Ҳасан Асоев ба довталабони муваффақ бурдбориҳоро орзӯ намуда гуфт, ки  бояд ҷавонон бештар дар ин озмун фаъолона ширкат карда, сатҳи маърифатнокиву донишандӯзӣ, ихтироъкорӣ ва огоҳии худро аз технологияҳои пешрафтаи дунё бештар намуда, бо  омодагӣ ва боварии боэтминон дар ин гуна озмунҳо иштирок намоянд.

  

 

Тоҷикӣ

Меню: