Мулоқоти Президенти АИКТ бо кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 09-уми Феврали соли 2024

   Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимия шиносоии Президенти  АИКТ муҳтарам Амонулло Салимзода бо кормандони Институт баргузор гардид. Дар аввал роҳбари муассиса  Шариф Хоҷаев аз ҳузури Президенти АИКТ изҳори сипос намуд.

Тоҷикӣ

Мулоқоти корӣ оид ба ташхисии хок дар озмоишгоҳи хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 02-уми Феврали соли 2024

     Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар доираи лоиҳаи “Баланд бардоштани устувории кишоварзӣ” санаи  2 феврали соли ҷорӣ бо иштироки Қурбонов Б -муовини директор/ҳамоҳангсози лоиҳа, Бурхвалишо З. -ҳамоҳангсози компоненти 3-юм, Шомаҳмадзода М.Қ. –мутахассис хокшинос, Хоҷаев Ш.И. -директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия, Хоҷаев Д.И.

Тоҷикӣ

Паём фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Чоршанбе, 31-уми Январи соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

   

Паём фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

 

Тоҷикӣ

Ҷашни Сада дар пойтахти Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил гардид.

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 28-уми Январи соли 2024

      28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгон, нишоне аз мероси фарҳанги тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

     Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ оташ, ки рамзи ин ид аст афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Бахусус кӯдакон бо либосҳои    миллӣ ва дар даст олоти кишоварзӣ аз ин ҷашни ниёгонамон бо хушнудӣ истиқбол мекарданд.

Тоҷикӣ

САДА – ҶАҲОНӢ ШУД!

Ношир: Ношир Санаи интишор: Сешанбе, 23-уми Январи соли 2024

Сада, ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам, ёдгор аст.

     Имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро, ки ба феҳристи ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил менамояд.
Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана, ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО доир гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узв ширкат намуда, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон – “Ҷашни Сада” ба феҳристи меросии ғайримодии башарият сабт шуд.
     Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҷашну маросимҳои бостонии ориёӣ ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ, оммавӣ намудани ҳар кадоми онҳо, бахусус ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада паёме барои насли ояндаи мо аст. Барои мардуми   тоҷик истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард,  ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро мутобиқ  бо шароити  замонавӣ таҷлил намоянд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ