Паём фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Чоршанбе, 31-уми Январи соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

   

Паём фарогирии масъалаҳои муҳими ҳаёти сиёсӣ-иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар

 

      31.01.2024. Имрӯз дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, дар доираи иҷрои нишондиҳандаҳо дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ҷаласа баргузор гардид.

         Дар ин ҷаласа нахуст директори Институт н.и.к. Ш. Хоҷаев аз мавзӯъҳои муҳими Паём ва дар шароити ҳозира чӣ нақш доштани онҳо, аз самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ, бахусус роҷеъ ба соҳаи кишоварзӣ ибрози назар кард.

Дар ҷараёни ин ҷаласа олимону мутахассисон назару андешаҳои худро аз нуктаҳои муҳими Паём ва дар доираи он чӣ барномаҳо тарҳрезӣ хоҳанд кард, изҳор  доштанд.

         Шабнами Раҳимҷон нозири кадрҳо, Файзигул Каримова мудири шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, Шариф Аминов мудири шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозия, Заррина Абдулвоҳидова мудири шуъбаи иттилоот машварат ва татбиқи дастоварҳои илмӣ, н.и.к.Шариф Қараев ва дигар кормандон дар мавзӯъҳои  паём ҳамчун роҳнамо, мураккабшавии авзои сиёсии ҷаҳон, шиддат гирифтани вазъи геосиёсиву низомӣ, таҳдидҳои амниятӣ, норасоии ғизо ва оби ошомиданӣ дар минтақа ва ҷаҳон, таъсири тағйирёбии иқлим ба соҳаи кишоварзӣ, сиёсати давлатии ҷавонон, нақши занон дар ҷомеа, омодагӣ ба муносибати 30-мин солгарди  Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, эълони соли 2024 ҳамчун соли “Маърифати қуқуқӣ”, таваҷҷӯҳ ба таъсиси ҷойҳои корӣ ва ҳамчунин тарбияи олимони ҷавони соҳаи кишоварзӣ, бахусус бахши хокшиносӣ ва агрохимия  дар амният ва ҳифзи хоку замини кишвар,  назароти худро баён намуданд.

 

 

Тоҷикӣ

Меню: