Таҷлили «Рўзи Модар» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ
«Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст.
«Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст.
Муҳтарам генералҳо, афсарон ва сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳ!
Ҳозирини гиромӣ!
Имрӯз аз таъсисёбии Артиши миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол, ки яке аз рукнҳои асосии давлатдории навини тоҷикон мебошад, сӣ сол сипарӣ мегардад.
Ба ин муносибат тамоми хизматчиёни ҳарбӣ ва собиқадорони Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистонро, ки тайи се даҳсола ҳимояи истиқлолу озодии кишвар, ҳифзи марзу буми Ватан, суботу оромӣ ва амнияти давлату ҷомеаро ҳамчун сипари боэътимод таъмин карда, дар бунёди ҷомеаи демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунявӣ саҳми басо арзишманд гузошта истодаанд, самимона табрик менамоям.
Санаи 23-юми февраи соли ҷорӣ бахшида ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи тантанавӣ котиби илмии АИКТ Холзода Умаршоҳ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону кормандони муассиса фаъолона иштирок намуданд.
Санаи 03.02.2023 дар толори Институти хокшиносӣ ва агроҳимияи АИКТ бо иштироки ноиби президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Хуршед Ятимзода, сармутахассиси шуъбаи итилооти АИКТ Ҳасан Асоев ва аҳли кормандони Институти хокшиносӣ ва агроҳимия ҷаласа васеъ оид ба шарҳу тавзеҳоти Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар баргузор гардид.
Сараввал ҷаласаи тантанавиро муовини директор оид ба илм, таълим ва тайёр кардани кадрҳои илмӣ Салимов Қ.Ҳ. оғоз намуда, меҳмононро ба ин махзани илму таълим хайрамақдам намуд.
Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи
Ҳамватанони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.
Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.
Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.
Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.
Ҳайати олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ санаи 13.01.2023 дастаҷаъона гируду атрофи бино, роҳраву саҳни онро аз барф ва ахпораҳо таза намуданд. Инчунин дарахтони ороишӣ ва мевадиҳандаро аз барф тоза намуда, системаи хизматрасонии гармидиҳии гармхонаи доимоамалгунандаи назди бинои муассиса ва қубурҳои гармидиҳии муассисаро низ аз назар гузарониданд.
Олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои коркарди босифати байни қатори дарахтони мевадиҳанда ва башаклдарории онҳо ба хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара сафарбар гардида, тӯли чанд рӯз аст, ки бо риояи чорабиниҳои агротехникї дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд. Инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, беҳгардонии ҳолати мелиоративии хок ва ворид намудани нуриҳои минералию органикӣ дар байни боғу токзор тавсияҳои судманди илмиро ба кишоварзон пешниҳод намуданд.