Таҷлили 30- юмин солгарди ҷашни Артиши миллӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Чоршанбе, 22-уми Феврали соли 2023

Санаи 23-юми февраи соли ҷорӣ бахшида ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласаи тантанавӣ котиби илмии АИКТ Холзода Умаршоҳ, иштирокчиёни ҷанги Афғонистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, олимону кормандони муассиса фаъолона иштирок намуданд.

Сараввал директори муассиса Хоҷаев Ш.И. ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону кормандонро ба ифтихори 30-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик намуданд. Инчунин иброз доштанд, ки Артиши миллӣ барои Тоҷикистони соҳибистиқлол воқеан як бахши ниҳоят муҳими давлатдорӣ ва асоси пойдориву мавҷудияти миллати куҳанбунёди мо дар арсаи байналмилалӣ ба ҳисоб рафта, саҳмгузорӣ ба рушди он вазифаи мақаддаси ҳар як шаҳрванди ватандўсту ватанпарвари кишвари азизамон мебошад. Мавриди зикр аст, ки артиши миллии кишвар дар марҳалаи ба тақдири мамлакат ва Истиқлолияти он хатари марговар таҳдид намудан ба навбунёдии хеш нигоҳ накарда, тавонист барои барқарор кардани сулҳу оромӣ ва бехатарии марзҳои кишвар талошу хизмати сарнавиштсоз ва шоистаи таҳсинро татбиқ намояд. Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Пайём таъкид намуданд, ки “Воқеоту таҳавулоти ҷаҳони муосир ҳар яки моро ҳушдор медиҳад, то зиракии сиёсӣ, омодагии доимӣ, эҳсоси баланди ватандустӣ, худогоҳиву худшиносӣ ва муқаддас доштану ҳифз намудани арзишҳои Истиқлолияти давлатиро сармашқи кори хеш созем”.

Сипас намояндаи АИКТ Холзода Умаршоҳ, собиқадори ҷангу меҳнат Аминов Шариф, мудири шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок Каримова Файзигул, раиси ҷавонони муассиса Додова Рисолат оид ба таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, таҷҳизонидани артиши миллӣ бо техникаву лавозимотҳои ҷангӣ ва ҳифзу муҳофити шабонарўзии афсарону сарбозони тоҷик баромадҳои пурмуҳтаво намуданд.

Дар рафти чорабинӣ роҳбарият кулли собиқдорони ҷангу меҳнат ва олимону кормандонро ба ифтихори 30 - юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусалаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику муборакбод намуда, бо тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ намуданд. Инчунин ғолибони мусобиқаи бозии шоҳмот ва шашкаро, ки санаи 21.02.2023 дар доираи чорабинии мазкур баргузор гардида буд, ғолибони мусобиқаро бо ифтихорномаи муассиса сарфароз гардонида шуд.

Дар интиҳои чорабинӣ роҳбарият ин рўзҳои фараҳбахшро бори дигар ба кулли афсарону сарбозони кишвар ва ба олимону кормандони гиромиқадр самимона табрик гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно намуданд.

Котиб                                                           Уроқов Ё.П.,

Тоҷикӣ

Меню: