Таҷлили «Рўзи Модар» дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Сешанбе, 07-уми марти соли 2023

«Арҷ гузоштан ба мақому манзалат, қадру қиммат ва иззату эҳтироми модарону занон қарзи фарзандӣ ва фарзи имонии ҳар як инсон аст. Ин рисолатро мо дар сурате адо мекунем, ки ба қадри шири поки Модарон, меҳрубониву ғамхории самимонаи занон ва хоҳарону духтарони худ бирасем».                                                                                                         Эмомалӣ Раҳмон.

Санаи 07.03.2023 бахшида ба «Рўзи Модар» дар маҷлисгоҳи васеи муассиса бо иштироки ноиби президенти АИКТ Ятимзода Хуршед ва кулли кормандон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.

Ҷамъомади тантанавиро директории муассиса Хоҷаев Ш.И. оѓоз намуда, ҳозиринро ба ифтихори «Рўзи Модар» самимона табрику шодбош гуфтанд. Ҳамунин иброз доштанд: Бо эҳтироми бузург «Рўзи Модар» 8 - мартро ба Шумо офарандаи ҳаёт, гармии қалби фарзандон, пайвандгари наслҳо, ободкунандаи хонадон ва малоҳати ҳусн сидқан табрику муборакбод мегўям. Оре, модар беҳтарин неъмат азизтарарин ҳастӣ, муқадастарин мўъҷиза ва арзишмантарин сарватест, ки ҳамагонро ҳаёт бахшидааст. Аз ҳастии пайкари бузургаш дар дили кас қуввату мадор тавоноиву қарор ва меҳру муҳаббати беканор пайдо мегардад. Тавонои модар касро зинату самар, симу зар, болу пар, ва шаҳду армон мебахшад.

Офаридаи ҳаёту зиндагӣ ва аз ҳама қимматтарину азизтарин шахс дар олами ҳастии инсон ин Зан - Модар аст. Ў ситораи дурахшоне аст, ки роҳи фарзандонро равшан месозаду дуои некаш инсонро ба қуллаи мурод мерасонад Модар беҳтарин пушту паноҳ арзандатарин ҳастии ҳаёт равшандиҳандаи ҳар як хонадон қуввату мадори дилҳои нотавон аст. Ў ягона шахси муқаддасест, ки баҳри фарзандонаш ҳастии худро дареғ надошта, шабзиндадориву бедорхобӣ кашида онҳоро аз ҷонаш зиёд дуст медорад:

Дар ин рўзи муқаддас ба Шумо тансиҳатӣ, умри дароз, дили шоду ҷеҳраи хандон таманно намуда, орзу менамоям, ки ҷашни фархундаи Модар, ки ҳамрадифи баҳори сабзу хурам аст, бароятон қувваю нерўи тоза бахшида, дар хонадони шумо нуру сафо, Ваҳдату оромӣ, хушбахтиву иқболи нек ва файзу баракатро насиб гардонад. 

Сипас котиби илмӣ Ёқубҷон Уроқов оид ба мақому манзалат қадру қиммат ва бузургии зан модар чунин суханони пурмўҳтаворо баҳрашон ифшо сохт:

Оре қиматарин неъмати дунё, сарчашмаи муҳаббати беканор ҳимматбаландтарин шахси башар ин Зан - Модар аст. Зан - Модар он қадар бузург аст, ки бузургони ҷаҳон наздаш сари таъзим фуруд меоранд, зеро ҳама шоҳу гадо, уламову адибон, фозилону хирадмандон, ва ҳато пайғамбарон низ мероси модарон ҳастанд.

Зиндагӣ аз Модар сарчашма мегирад. Меҳри беҳамтои Модар ба мисли хуршеди олам аст, ки ба тамоми ҷаҳон саховатмандона нур мепошад. Пас Модар баъд аз Худованд мутаккои ягонааст, ки он дар фазилат, ҳусну малоҳат, ақлу заковат, поктинатӣ, фармонбардорӣ, муҳаббат ба номи поки Худованд, парҳезкорию шарму ҳаё ҳамто надорад.

Бо таъдбири дигар, Зан олиҳаи зебоӣ, манбаи нуру муҳаббат ва раҳму шафқат буда, ҷаҳонро ба озодагиву нафосат ва назокату латофати худ рўҳи тоза мебахшад. Бе ў ҳеҷ баҳоре зебо ва ҳеҷ тирамоҳе пурфайз нахоҳад шуд.

Зан - саробони оила, сомони рўзгор, тарбиятгари фарзандон, олиҳаи ҳусну меҳру вафо ва сидқу сафои зиндагӣ аст. Зани порсою боимону итоаткор саробони аҳли байту сомони рўзгор ва зинати мард асту ҳам комгор. Дар рафти чорабинӣ намояндаи АИКТ Ятимзода Х., корманди Шуъбаи биологияи хок Муқаддасов Музаффар, нозири кадр Шабнами Раҳимҷон ва дигар кормандони муассиса оид ба бузургдошти зан - Модар суханҳои пурмўҳтаво намуданд.

Дар фарҷом филми мустанде, ки бузургии зан модарро таҷассум менамуд пешкаши тамошобинон гардонида, ҳамчунин ба ифтихори «Рўзи Модар» кулли бонувони муассисаро бо табрикнома ва тўҳфаҳои хотиравӣ қадрдони намуданд.

Котиб                                                                   Уроқов Ё.П.

Тоҷикӣ

Меню: