апрель 2021

Дастовардҳои рақамии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 12 апрель, 2021 - 17:43
PDF: 
Таджикский

Ҳамкориҳо бо муассисаҳои ҷумҳурӣ, иттиҳоди давлатҳои мустақим ва ташкилотҳои байналмиллалӣ

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 12 апрель, 2021 - 17:30

     Дар тӯли 30 сол ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо КД ТоҷикНИИГиМ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маркази илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ  роҳандозӣ карда шудааст.

Таджикский

Фаъолияти интишорӣ

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 12 апрель, 2021 - 17:26

Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Анҷумани Якуми Хокшиносони Тоҷикистонро барпо намуда, зиёда аз 14 конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 73 семинари ҷумҳуриявӣ ва 160 рӯзҳои саҳроӣ гузаронида, дар 300 чорабиниҳои омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар давоми 30 соли истиқлолият аз тарафи олимони Институт 36 китобу монография, 71-тавсиянома ва дастурамал, 1072 мақолаи илмӣ,  2 маҷмӯаи маводҳои конференсияи байналмиллалӣ нашр намуданд.

Таджикский

Нишондодҳои умумии фаъолият дар 30 сол

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 12 апрель, 2021 - 17:22

     Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар тули фаъолияти худ дар замони Шуравӣ ба бисёр комёбиҳои илмӣ ноил гаштааст, ки натиҷаҳои онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбиқ гардидааст. Пас аз пойдории сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, ки тамоми соҳаҳои иқтисодиёти мамлакат ру ба рушду нумуъ ниҳода буданд, рафти корҳои илмию тадқиқотӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия низ зина ба зина беҳтар гардида, ҳарчи бештар мавзӯҳои нави ба талаботҳои муосир ҷавобгу мавриди тадқиқотҳои илмии хокшиносию агрокимиё қарор дода шуданд, ки таҳлили амиқи онҳо чунин натиҷаю дастовардҳоро нишон медиҳанд:

Таджикский

Равандҳои асосии фаъолият

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 12 апрель, 2021 - 17:17

Самтҳои асосии фаъолияти Институт аз омӯзиши равандҳои хокшиносӣ, харитасозии хокҳо бо технологияҳои низоми иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ), мониторинги агрокимиёӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунонии кишоварзӣ, пешгирӣ намудани эрозияи хок, мелиоратсияи шӯрхокҳо, ботлоқзорҳо, хокҳои табиатан ҳосилхезии пастдоштаи санглох ва регзаминҳо иборат мебошанд.

Таджикский

Таърихи таъсисёбии Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Пятница, 9 апрель, 2021 - 18:09

     Таърихи таъсисёбии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз солҳои сиюми асри гузашта сарчашма мегирад. Дар ин солҳо масоили пахтапарварӣ дар Осиёи Миёна аҳамияти ниҳоят калон пайдо кард. Ҳануз соли 1928 имкониятҳои парвариши пахтаи ќиматбаҳои маҳиннах бо ҳосилнокии баланд исботи худро ёфта буд.
     Аз ин рў бо ќарори махсуси президенти Академияи илмҳои Иттиҳоди Шуравӣ академик В.Л. Комаров соли 1936 Стансияи хокшиносию мелиоративии Вахш, дар заминаи Академияи илмҳои Иттиҳоди Шӯравии дар Тоҷикистон буда таъсис дода шуд, ки дар аз худ намудани води зарнисори Вахш саҳми калон дорад.

Таджикский

Холов Далер Рахмонович

Должность: 
Мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Аз январи соли 2018 дар мансаби мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ
 ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд: 1 январи соли 1989
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархор
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: агрокимиё ва хокшиносӣ
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор

Нишонӣ: шаҳри Душанбе нохияи Шохмансур кучаи Туграл 34 хонаи 4-5

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2007-2012 - Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2017 - Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2015 - Мутахассис хокшиносӣ шуъбаи баландбардоштани ҳосилхези ва баҳодии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2016-2017 - Ходими илмии шуъбаи баландбардоштани хосилхези ва баҳодии хок Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2018 - Ходими калони илмии шуъбаи баландбардоштани хосилхези ва баходии хок Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз январи соли 2018 то ҳоло - Мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Сохтори Институт

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 5 апрель, 2021 - 18:35

Сохтори ҳозираи Институт ва ҳайати кормандон

PDF: 
Таджикский

Структура Института

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 5 апрель, 2021 - 18:35

Структура Института почвоведения и агрохимии Академии сельскохозяйственных наук Таджикистана

PDF: 
Русский

Struture of the Institute

Автор: khokshinos.tj Дата публикации: Monday, 5 апрель, 2021 - 18:35

Stucture of the Institute of Soil Science and Agrochemistry by the Academy of Agricultural Sciences of the Republic of Tajikistan

PDF: 
English

Pages