апрел 2021

Дастовардҳои рақамии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар давоми 30 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021
PDF: 
Тоҷикӣ

Ҳамкориҳо бо муассисаҳои ҷумҳурӣ, иттиҳоди давлатҳои мустақим ва ташкилотҳои байналмиллалӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Дар тӯли 30 сол ҳамкориҳо бо муассисаҳои илмии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шоҳтемур, бо КД ТоҷикНИИГиМ, Донишгоҳи давлатии Хуҷанд, Маркази илмии ҳифзи растаниҳои АИКТ  роҳандозӣ карда шудааст.

Тоҷикӣ

Фаъолияти интишорӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

Олимони институт дар даврони соҳибистиқлолии кишварамон Анҷумани Якуми Хокшиносони Тоҷикистонро барпо намуда, зиёда аз 14 конференсияҳои байналмилалию ҷумҳуриявӣ, 73 семинари ҷумҳуриявӣ ва 160 рӯзҳои саҳроӣ гузаронида, дар 300 чорабиниҳои омӯзишии дохилу хориҷи кишвар иштирок ва бо маърӯзаҳо баромад намуданд.
Дар давоми 30 соли истиқлолият аз тарафи олимони Институт 36 китобу монография, 71-тавсиянома ва дастурамал, 1072 мақолаи илмӣ,  2 маҷмӯаи маводҳои конференсияи байналмиллалӣ нашр намуданд.

Тоҷикӣ

Нишондодҳои умумии фаъолият дар 30 сол

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

     Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар тули фаъолияти худ дар замони Шуравӣ ба бисёр комёбиҳои илмӣ ноил гаштааст, ки натиҷаҳои онҳо дар тамоми ҷабҳаҳои соҳаи кишоварзии мамлакат тадбиқ гардидааст.

Undefined

Равандҳои асосии фаъолият

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Душанбе, 12-уми апрели соли 2021

Самтҳои асосии фаъолияти Институт аз омӯзиши равандҳои хокшиносӣ, харитасозии хокҳо бо технологияҳои низоми иттилоотии ҷуғрофӣ (СИҶ), мониторинги агрокимиёӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунонии кишоварзӣ, пешгирӣ намудани эрозияи хок, мелиоратсияи шӯрхокҳо, ботлоқзорҳо, хокҳои табиатан ҳосилхезии пастдоштаи санглох ва регзаминҳо иборат мебошанд.

Тоҷикӣ

Сохтори ҳозираи Институт ва ҳайати кормандон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 09-уми апрели соли 2021

Дар сохтори Институт 8 шуъба ва озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растанӣ ба фаъолияти илмию тадқиқотӣ машғул мебошанд:
1. Шуъбаи генезис, тасниф ва харитасозии хок;
2. Шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ;
3. Шуъбаи агрохимия;
4. Шуъбаи баланд бардоштани ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок;
5. Шуъбаи мониторинг ва ҳифзи хок аз эрозия;
6. Шуъбаи мелиоратсияи хок;
7. Шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо;
8. Шуъбаи илм, таълим ва тайёр намудани кадрҳои илмӣ;

Тоҷикӣ

Таърихи таъсисёбии Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Ҷумъа, 09-уми апрели соли 2021

     Таърихи таъсисёбии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз солҳои сиюми асри гузашта сарчашма мегирад. Дар ин солҳо масоили пахтапарварӣ дар Осиёи Миёна аҳамияти ниҳоят калон пайдо кард. Ҳануз соли 1928 имкониятҳои парвариши пахтаи ќиматбаҳои маҳиннах бо ҳосилнокии баланд исботи худро ёфта буд.

Тоҷикӣ

Асадуллозода Абдуллоҷон Раҳматулло

Вазифа: 
Муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Аз октябри соли 2020 дар мансаби Муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 1 майи соли 1996
Ҷои таваллуд: шаҳри Душанбе
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2016 Коллеҷи оморро хатм кардааст (ғоибона)
Соли 2019 Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистонро хатм кардааст. (ғоибона),
Ихтисос: молия
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: англисӣ, русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Нишонӣ: шаҳри Душанбе кӯчаи Айни 307/47 «в»

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2011-2016 - Донишҷуи Коллеҷи омор, шаҳри Ваҳдат.
Солҳои 2016-2019 - Донишҷуи Донишгоҳи давлатии молия ва иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2014-2017 - Сармуҳосиби Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди “Наргис”, шаҳри Душанбе.
Солҳои 2018-2020 - Сариқтисодчии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе.

Аз октябри соли 2020 - Муовини директор оид ба иқтисод, истеҳсолот ва татбиқи дастовардҳои илмии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон шаҳри Душанбе.

Каримова Файзигул Ҷанҷоловна

Вазифа: 
Мудири шуъбаи баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Аз январи соли 2017 дар мансаби мудири шуъбаи Баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимия Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад.

Соли таваллуд: 14 феврали соли 1966
Ҷои таваллуд: ноҳияи Файзобод
Миллат: тоҷик
Таҳсилот олӣ
Cоли 1989 Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст.
Ихтисос: агроном
Унвони илмӣ: номзади илмҳои кишоварзӣ (аз 2 марти соли 2020)
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор
Нишонӣ: ш. Душанбе ноҳияи Фирдавсӣ кӯчаи Н. Карабоев 200/1 хонаи 45

Кор ва фаъолияти собиқа
Солҳои 1984-1989 - Донишҷӯи Донишкадаи кишоварзии Тоҷикистон шаҳри Душанбе
Солҳои 1987-1989 - Муовини раиси комитети комсомолии с/з-и Файзобод н. Файзобод
Солҳои 1989-1994 - Сардори шуъбаи кадрҳои корхонаи колонаи сайёри механикии № 37, н.Файзобод
Солҳои 1994-2006 - Сардори шуъбаи кадрҳои Институти санъати ба номи М. Турсунзода
Солҳои 2006-2008 - Сардори шуъбаи кадрҳои Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ш. Душанбе
Солҳои 2009-2011 - Аспиранти рӯзонаи Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, ш. Душанбе
Солҳои 2011-2017 - Ходими калони илмии шуъбаи баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хок Институти хокшиносии Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон
 

Аз январи соли 2017 то ҳоло Мудири шуъбаи баландбардории ҳосилхезӣ ва баҳодиҳии хоки Институти хокшиноси ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Холов Далер Рахмонович

Вазифа: 
Мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Аз январи соли 2018 дар мансаби мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ
 ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон кор мекунад
Соли таваллуд: 1 январи соли 1989
Ҷои таваллуд: ноҳияи Фархор
Миллат: тоҷик
Таҳсилот: олӣ
Соли 2012 Донишгоҳи аграрии Тоҷикистонро (рӯзона) хатм кардааст
Ихтисос: агрокимиё ва хокшиносӣ
Унвони илмӣ: надорад
Кадом забонҳои хориҷиро медонад: русӣ
Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не: не
Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не: не
Вазъи оилавӣ: оиладор

Нишонӣ: шаҳри Душанбе нохияи Шохмансур кучаи Туграл 34 хонаи 4-5

Кор ва фаъолияти собиқа:
Солҳои 2007-2012 - Донишҷӯи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2015-2017 - Аспиранти шуъбаи рӯзонаи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2014-2015 - Мутахассис хокшиносӣ шуъбаи баландбардоштани ҳосилхези ва баҳодии хоки Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2016-2017 - Ходими илмии шуъбаи баландбардоштани хосилхези ва баҳодии хок Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе
Солҳои 2017-2018 - Ходими калони илмии шуъбаи баландбардоштани хосилхези ва баходии хок Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Аз январи соли 2018 то ҳоло - Мудири шуъбаи озмоишгоҳи марказонидашудаи ташхиси хоку растании Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, шаҳри Душанбе

Саҳифаҳо