ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»
Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон густариши робитаи ҳамкории Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.
Дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Зебиниссо Бобохониён директори институт рафти иҷрои лоиҳаро матраҳ намуда иброз дошт, ки то имрӯз дар доираи лоиҳа ҷиҳати баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ хоҷагидорон бо тухмии гандуми “Темерязевка”, “Алексеевич” ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардидаанд. Инчунин дастгириҳои дигари лоиҳа таъмири намо ва боми бинои институт буда, кумаки техникӣ (мошин) низ расонда шудааст.