ТАВСЕАИ ҲАМКОРИИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ ДАР ДОИРАИ ЛОИҲАИ «БАЛАНД БАРДОШТАНИ УСТУВОРИИ СОҲАИ КИШОВАРЗӢ»

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 21-уми Августи соли 2024

     Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон густариши робитаи ҳамкории Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” мавриди баррасӣ қарор гирифт.

     Дар мулоқот бо намояндаи Бонки ҷаҳонӣ Зебиниссо Бобохониён директори институт   рафти иҷрои  лоиҳаро матраҳ намуда иброз дошт, ки то имрӯз дар доираи лоиҳа ҷиҳати  баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳои кишоварзӣ хоҷагидорон бо тухмии гандуми “Темерязевка”, “Алексеевич” ва нуриҳои маъданӣ таъмин гардидаанд. Инчунин дастгириҳои дигари лоиҳа таъмири намо ва боми бинои институт буда, кумаки техникӣ (мошин) низ расонда шудааст.

      Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ”  муштарак бо Институти хокшиносӣ ва агрохимия намунаи хокҳои 71 хоҷагии  тухмипарварии ҷумҳуриро мавриди ташхису таҳқиқ қарор дода, барои муайян намудани миқдори моддаҳои ғизоӣ олимон ва мутахассисони озмоишгоҳи марказонидашудаи хоку растанӣ ба хоҷагидорону истифодабарандагони замин маълумотнома пешниҳод намуда, тавсияҳои судманд  доданд. Дар асоси ин тавсияҳо барои хоҷагидорон имкон фароҳам омад,  ки меъёри солонаи NPK ва поруро дуруст ва самаранок истифода баранд.

      Ҳамзамон дар ин мулоқот аз идомаи ҳамкориҳои Муассисаи давлатии “Рушди соҳибкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ” дар ояндаи таъкид гардид, ки ҷиҳати пешрафти илми хокшиносӣ  озмоишгоҳҳои Институти хокшиносӣ ва агрохимияро бо таҷҳизоти муосир ва маводҳои химиявӣ таъмин намуда, дар баргузории давраҳои омӯзишӣ ва омода кардани мутахассисон саҳм хоҳанд гузошт.

Тоҷикӣ

Меню: