Баргузории ҷаласаи шӯрои олимон дар муассиса
Санаи 23.06.2023 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Санаи 23.06.2023 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.
Эҳёи як ҷашни бостонӣ барои мардуме, ки таъриху тамаддуни чандҳазорсола дорад, боиси хушҳолӣ ва ифтихор аст. Фарҳанги мардуми тоҷик аз ҷашнҳову ойинҳое, ки ба муносибатҳои мухталиф дар фаслҳои гуногуни сол баргузор мешавад, зиёд аст. Лекин мутаассифона баъзе аз расму ойинҳои онҳо ба фаромӯшӣ рафтааст. Зимни таҳқиқ он чӣ дар аксари ин ҷашнҳо ба чашм мехӯрад, аз шодиву нишоти гурӯҳӣ аст.
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро мувофиқи Оиннома пешниҳод менамояд:
- гузаронидани ташхиси хокҳои ҷумҳурӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физикӣ – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳо;
- гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи агрокимиё ва хокшиносӣ;
- қабули аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва докторанон аз рӯи ихтисоси РhD;
Ҳамватанони азиз!
Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди саиди Фитр фаро мерасад.
Ба ин муносибат ҳамаи шумо ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар як фарди Ватан тандурустӣ, сулҳу сафо ва хайру баракат орзу менамоям.
Мо шукрона мекунем, ки ба шарофати истиқлолу озодии кишварамон иди саиди Фитр ва дигар ойину суннатҳои миллиамонро дар шароити сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсӣ таҷлил менамоем.
Ҳамватанони мо иди саиди Фитрро ҳар сол бо амалҳои хайру савоб ва шодмониву хушҳолӣ истиқбол мегиранд.
Модарону бонувони гиромӣ!
Хоҳарони азиз!
Ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи модар самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ ва рӯзгори босаодат орзу менамоям.
Рӯзи модар ҳар сол аз фаро расидани бедориву эҳёи табиат, яъне фасли зебои баҳор мужда мерасонад.
Дар ин падида як рамзи амиқе вуҷуд дорад, ки дар шахсияти муқаддас, сиришти муборак ва ниҳоди поки модарон нуҳуфтааст.
Маҳз ба ҳамин хотир мо рӯзи модарро ҳар сол бо эҳсоси гарме, ки аз муҳаббату навозиши модар сарчашма мегирад ва бо фараҳу шодие, ки омадани баҳор ба мо мебахшад, таҷлил менамоем.
Зан – модар ибтидои ҳастии башарият, мабдаи меҳру вафо ва рамзи муҳаббату садоқат мебошад.