«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

     Санаи шашуми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ  дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» № АП -480,   аз 01 январи соли 2024  ва фармоиши раёсати АИКТ, №06 аз 08 январи соли 2024   бо иштироки намояндаи АИКТ Ҳасан Асоев сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, директори Институт Хоҷаев Ш.И, котиби илмӣ Давлатова О.С, ходими калони илмии шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо Зокирова М.Қ, олимони ҷавон ва кормандони муассиса баргузор гардид.

     Дар рафти чорабини Холов Зеваршо лабаранти озмоишгоҳи марказонидашудаи хоку растанӣ, Маҷидов Фируз ходими илмии шуъбаи агрохимия, Боев Нуралӣ , директори пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ оид аз ашъору осори адибони   класик ва муосири тоҷик баромад намуданд. Иштирокчиёни фаъоли озмун  барои ширкат дар давраҳои оянда омодагии ҳамаҷонибаи худро тибқи барномаи имсола хоҳанд гирифт.

Тоҷикӣ

Меню: