Ҷашни Сада дар пойтахти Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил гардид.

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 28-уми Январи соли 2024

      28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгон, нишоне аз мероси фарҳанги тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.

     Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ оташ, ки рамзи ин ид аст афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Бахусус кӯдакон бо либосҳои    миллӣ ва дар даст олоти кишоварзӣ аз ин ҷашни ниёгонамон бо хушнудӣ истиқбол мекарданд.

Тоҷикӣ

САДА – ҶАҲОНӢ ШУД!

Ношир: Ношир Санаи интишор: Сешанбе, 23-уми Январи соли 2024

Сада, ҷашни мулуки номдор аст,
Зи Афредуну аз Ҷам, ёдгор аст.

     Имсол Тоҷикистон ҷашни Садаро, ки ба феҳристи ғайримодии ЮНЕСКО ворид гардид, дар сатҳи ҷаҳонӣ бо шукӯҳ таҷлил менамояд.
Дар аввалҳои моҳи декабри соли гузашта, дар шаҳри Касани Ҷумҳурии Ботсвана, ҷаласаи 18-уми Кумитаи байнидавлатӣ доир ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримодии ЮНЕСКО доир гардид. Дар ин ҷаласа намояндагони кишварҳои узв ширкат намуда, номинаи муштараки Тоҷикистон ва Эрон – “Ҷашни Сада” ба феҳристи меросии ғайримодии башарият сабт шуд.
     Дар даврони соҳибистиқлолӣ эҳёи ҷашну маросимҳои бостонии ориёӣ ва дар шароити ҷаҳонишавӣ ва таҳоҷуми фарҳангиву маънавӣ, оммавӣ намудани ҳар кадоми онҳо, бахусус ҷаҳонӣ шудани ҷашни Сада паёме барои насли ояндаи мо аст. Барои мардуми   тоҷик истиқлоли давлатӣ имкон фароҳам овард,  ки анъанаҳои фарҳангӣ ва ҷашнҳои миллии худро мутобиқ  бо шароити  замонавӣ таҷлил намоянд.

Тоҷикӣ

СОЛИ НАВИ МЕЛОДӢ МУБОРАК!

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Ҷумъа, 29-уми Декабри соли 2023

Бо камоли эҳтиром ва садоқатмандии бепоён ҳамаи шумо олимону кормандони гиромиқадрро ба муносибати Соли Нави мелодии 2024  самимона табрику муборакбод менамоям.
Соли сипаригардида дар ҳаёти иҷтимоиву иқтисодӣ ва рушди Тоҷикистони азиз,  соли созандагию бунёдкорӣ ва муваффаќиятњои беназир дар дохил ва хориҷи кишвар буд, ки умедворам ҳар яки шумо низ дар ин бунёдкориҳову пешравиҳо саҳми арзанда гузоштаед. Ҳар сол барои  ҳар фард  аз ҳар лиҳоз хотирмон аст. Ҳар соли куҳан аз худ рӯзҳои хуш ва нохушиҳоро дар зиндагиамон нақш мегузорад, бигузор Соли 2023 бо хушиҳояш бароятон хотирмон бошад.
Дар ин рўзҳои фараҳбахши вуруди Соли нав, бароятон тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзмандӣ, рўзгори пурфайзу бобаракат, осудахотирӣ ва дар фаъолияти зањматталабатон муваффаќиятњои беназирро орзӯ мекунам.
Итминони комил дорам, ки дар ин Соли нав шумо бо фаъолияти пурсамаратон дар шукуфоиву бунёдкории кишвари мањбубамон ва  дар пешрафти илми кишоварзӣ њиссагузор хоњед буд.
Бигузор Соли нав барои ҳар яки шумо фаъолияти пурбор, баракат дар зиндагӣ, сиҳатманду саодатмандӣ, хонаободиву осудаҳолӣ, амалӣ гардидани орзуҳои бепоён ва барои Ватани азизамон соли шукуфоӣ бошад.
Ҳамеша солиму шод ва пирӯзу муваффақ бошед ва  ҳеҷгоҳ хушиҳо раҳоятон накунад.
Соли нави  ҳамагиатон муборак!

Бо камоли эҳтиром
Директор   Хоҷаев Ш.И.

Тоҷикӣ

Тамошои Паёми Пешвои миллат дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 28-уми Декабри соли 2023

     Паём ҳамчун ҳуҷҷати муҳим аст, ки фаъолияти солҳои дар пешистодаи тамоми сохторҳои ҷомеаи шаҳрвандиро дар кишвар таҷассум намуда, барои расидан ба зиндагии аз ин шоиста ва сазовортар барои ҳар яки мо роҳнамо мебошад.
     Имрӯз 28 декабр аҳли олимону мутахассисон  Паёми навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Маҷлиси Олӣ, ки тавассути ҳамаи шабакаҳои телевизионӣ ва радиоӣ мустақиман пахш гардид, дастаҷамъона тамошо намуданд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ