Наврӯз рӯзи мувозинати табиат ва инсон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 20-уми марти соли 2024 • Updated on Сешанбе, 09-уми апрели соли 2024

Наврӯз ҷаҳонӣ шуд, то бод чунин бодо!
Ҷашни ҳамагонӣ шуд, то бод чунин бодо!

    Баҳор яке аз зеботарин фаслҳои сол аст ва имрӯз Наврӯзи хуҷастапай қадами нахустини худро соати 08:06 дақиқа ба вақти Тоҷикистон ба сарзамини мо гузошт. Ба ин муносибат дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷаласаи идона баргузор гардид. Шариф Хоҷаев директори муассиса  ҳамаи олимону кормандонро дар ин иртибот табрик гуфта, ба ҳамагӣ саломатӣ, хушбахтӣ ва дар ҷодаи илм муваффақият орзӯ намуд. Ӯ таъкид  намуд, ки Наврӯз ҷашни ниёгон ва Иди аҷдодии мардуми мо буда, дар даврони соҳибистиқлолӣ бо кушишу ташаббуси Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо Наврӯз ҳамчун ҷашни миллӣ таҷлил мегардад. Аз ҳамин лиҳоз бояд ҳар кадоми мо ҷашни ниёгонро қадр намуда, бо ифтихори миллӣ онро ҷашн бигирем.
    Баҳор оғози дубора барои замин аст, ки бо ҷашну сурур ҳамроҳ шуда, ба шаҳрҳо, деҳоту хонаҳо ранги тоза медиҳад. Одобу русуми Наврӯз, оини истиқбол аз ин ин фасли сабз аст; фасле, ки омаданаш баҳонаи хубест то  мо дар такопу бияфтем ва суннатҳои куҳанро ба ҷо биоварем.
    Наврӯз ба ҳамагӣ хуҷаста бод!

Тоҷикӣ

боздиди Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон Салимзода А.Ф. аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Шанбе, 09-уми марти соли 2024

     Санаи 9 уми марти соли 2024 Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон узви вобастаи АИКТ Салимзода А.Ф. бо мақсади шиносои бо фаъолияти кории аз пойгоҳи таҷрибавии Тангаи ш.Ваҳдат дидан намуданд. Зимни боздид аз қитъаҳои таҷрибавӣ ва боғу дарахтони мевадиҳанда ва ороиши инчунин аз гармхонаи доимо амалкунандаи лимӯ шинос шуда, пешниҳодҳои худро  баҳри бозҳам беҳтарнамудани корҳои илмию истеҳсолӣ ба роҳбарону мутахасисон иброз намуданд.

Тоҷикӣ

Табрикоти директори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

РӮЗИ МОДАР МУБОРАК!

Боиси хурсандӣ аст, ки ҳамасола дар оғози фасли зебои баҳор, ҷашни фархундаи Рӯзи Модар таҷлил карда мешавад.
Модар ягона мавҷудест, ки инсон меофарад, ба ӯ ҳаёт мебахшад, ӯро дар оғӯши гарму пурмеҳри худ мепарварад, аввалин суханҳо ва гузоштани нахустин қадамҳоро ба ӯ меомӯзад ва бо ҳазор нияту орзуҳои нек ӯро ба воя мерасонад.
Имрӯзҳо бо саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нақши бонувону духтарони тоҷик дар ҷомеа баланд гардида, онҳо дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат софдилона кору фаъолият менамоянд ва бо заҳмати бунёдкоронаву ташаббусҳои созандаашон барои рушди давлатамон саъю талош мекунанд.
Бо ифтихор ва шарафмандӣ тамоми модарон ва бонувони азизро бо фарорасии иди зебои баҳор ва Рӯзи Модар самимона шодбош гуфта, бароятон умри дароз, зиндагии осуда, бахту иқболи наку ва дар корҳои  илмию амалиатон  комёбиҳо орзу менамоем.
Бигзор, қалбҳоятон пур аз меҳру сурур, чароғи хонадонатон ҳамеша равшан ва фарзандонатон солиму солеҳ, номбардори падару модар, миллат ва халқу Ватан бошанд!
Идатон муборак, модарону бонувони гиромиқадр!

Эй Модарону хоҳарон, бодо муборак идатон,
Зиннатфизо эй маҳвашон, бодо муборак идатон.
Баҳри шумо Фархунда бод, ин фасли зебои баҳор.
Гулғунчаҳои бӯстон, бодо муборак идатон.

Тоҷикӣ

«Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст»

Ношир: Абдуллоҷон Асад... Санаи интишор: Чоршанбе, 06-уми марти соли 2024

     Санаи шашуми марти соли ҷорӣ дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ  дар асоси амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба баргузории озмуни «Фурўғи субҳи доноӣ китоб аст» № АП -480,   аз 01 январи соли 2024  ва фармоиши раёсати АИКТ, №06 аз 08 январи соли 2024   бо иштироки намояндаи АИКТ Ҳасан Асоев сармутахассис оид ба татбиқи дастовардҳои илмӣ, директори Институт Хоҷаев Ш.И, котиби илмӣ Давлатова О.С, ходими калони илмии шуъбаи иттилоот, машварат ва татбиқи дастовардҳо Зокирова М.Қ, олимони ҷавон ва кормандони муассиса баргузор гардид.

Тоҷикӣ

ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТОЛОРИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 22-уми Феврали соли 2024

    Санаи 22 феврали соли ҷорӣ, дар толори муассиса бо иштироки Пезиденти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҷанговарони интернатсионалӣ, полковники адлия - Холзода Умар, полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ғоибов Аслиддин, полковники мустаъфӣ - Ятимзода Хуршед ва собиқадори ҷанги Афғонистон - Аминов Шариф иштирок намуданд.

Тоҷикӣ

Саҳифаҳо

Обуна ба Диҳиши саҳифаи асосӣ