+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |
Семинари илмию - амалии минтаавӣ дар мавзӯи«Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ»
Санаи 26-майи соли 2022 дар пойгоҳи илми- таҷрибавии Хуросони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ҷамоати деҳоти Садриддин Айнии ноҳия Хуросон семинари илмӣ-амалии минтақавӣ дар мавзӯи «Технологияи коркард ва самаранок истифодабарии нуриҳои узвию микробиологӣ дар зироаткорӣ» баргузор гардид.
Дар семинар намояндагони Вазорати кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, сарраёсати кишоварзии вилояти Хатлон, сардорони раёсати кишоварзии ноҳияҳои вилоят, роҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ ширкат варзидаанд.
«Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ»
Иштироки фаъолонаи ҳайъати кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар чорабинии варзиши, «Дави миллӣ ва марафони велосипедронӣ».
БАРГУЗОРИИ РӮЗИ САҲРОӢ
СУРАТГУЗОРИШ АЗ БАРГУЗОРИИ РӮЗИ САҲРОӢ.
Санаи 14 майи соли 2022 дар пойгоҳи таҷрибавии Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат оид ба мавзӯи «Техналогияи бунёди плантатсияҳои филгуш ( павловний) дар шароити Тоҷикистони марказӣ» чорабинии мазкур гузаронида шуд.
Боздиди ҳайъати кормандон аз Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ».
Боздиди ҳайъати кормандон ва олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон аз намоиши «Тоҷикистон –кишвари дарёҳои тиллоӣ» дар Муассисаи давлатии «Осорхонаи миллӣ». Зимни,боздид аз экспонатҳо ва ёдгориҳои вуҷуд дошта дар осорхона, ки муҳиммияти таърихи дороанд дидан намуда ба урфу одат ва ананаҳои гузаштаи ниёгони халқи тоҷик ошнои пайдо кардаанд.
Мавзеъи Кокули ноҳияи Фархор
Олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ оид ба иҷрои дастуру супоришҳои муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Зиёзода С.Р аз 01-04 феврали соли 2022 ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон ба мавзеи Кокули ноҳияи Фархор сафари кори анҷом дода, намунаҳои хоки ин мавзеъро барои таҳлил гирифтанд. Аз натиҷаи ташхиси намунаҳои хок ба заминистифодабарандагон оид ба самаранок истифодабарии ин мавзеъ тавсияҳои судманд доданд.
Оғози корҳои илмӣ дар қитъаҳои таҷрибавӣ
Олимони Институт дар асоси нақшаи кории шуъбаи биологияи хок ва тарҳрезии нуриҳои микробиологӣ барои интихобу кишти зироатҳо дар қитъаҳои таҷрибавӣ ва гирифтани намунаҳои хок барои ташхиси агрохимиявию микробиологӣ аз 15 то 17- марти соли ҷорӣ ба сафари хизматӣ ба ноҳияҳои Кӯшониён ва Хуросон вилояти Хатлон равона гардиданд. Дар натиҷаи сафари хизматӣ онҳо корҳои ба зиммашон гузошташударо бо истифода аз навгониҳои илмӣ ва истифодабарии нуриҳои органикиву микробиологӣ кишти зироатҳои лубиёдонагиҳоро гузарониданд.
Саҳифаҳо
