Ноябр 2021

Рӯзи Президент

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 16-уми Ноябри соли 2021

      Бо мақсади таҷлили Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 16 ноябри соли ҷорӣ дар толори Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон мизи мудаввар таҳти унвони " Президенти маҳбуби мо " баргузор гардид,ки дар он олимону мутахассисони соҳаи мазкур иштирок намуда, фикру андешаҳои худро оид ба ин рӯзи муқаддас баён намуданд.Сараввал Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон муҳтарам Асозода Н.М, ҳозиринро оид ба таърих ва моҳияти ҷашнгирии " Рӯзи Президент " ошно намуда, иброз доштаанд, ки 16 ноябри соли 1994 дар иҷлосияи Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими савгандёдкунӣ ва ба вазифа шуруъ кардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардида буд.

Тоҷикӣ

Конститутсия - кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Ҷумъа, 05-уми Ноябри соли 2021

   Ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ба воситаи Конститутсия, қонунҳои ҷумҳурӣ ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки аз тарафи Тоҷикистон эътироф шудаанд, ҳифз мегарданд. Ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд бевосита амалӣ мешаванд. Онҳо мақсад, мазмун ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти ҳокимияти қонунгузор, иҷроия, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва худидоракуниро муайян мекунанд ва ба воситаи ҳокимияти судӣ таъмин мегарданд.

Тоҷикӣ

Конститутсия шаҳодатномаи миллат

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Ҷумъа, 05-уми Ноябри соли 2021

Суратгузориш аз рафти баргузории мизи мудаввар бахшида ба “Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон”-зери унвонӣ "Конститутсия шаҳодатномаи миллат" дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Тоҷикӣ