Феврал 2022

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллӣ”

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Панҷшанбе, 24-уми Феврали соли 2022

Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи Артиши миллӣ”-дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон.

Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки ин дастоварди беназир тавассути сиёсати пайвастаи хирадмандонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон – Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада, бори дигар аз тавоноӣ ва қудрати азалии мардуми тоҷик дарак медиҳад.Сипас олимону кормандон ба сухан баромада оид ба ин санаи таърихи фикру андешаҳо баён намудаанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш аз рафти иштироки кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар таҷлили баргузории иди "Сада " дар боғи фарҳанги фароғатии А.Фирдавсии шаҳри Душанбе.

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Сешанбе, 01-уми Феврали соли 2022

Санаи 30-юми январи соли 2022 дар Боғи фарҳангию фароғатии А.Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада бо шукуҳу шаҳомати хоса баргузор гардид, ки дар он кормандони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон иштироки фаъолона намуданд.   

Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи мавсимии халқиятҳои ориёинажод ба шумор меравад, ки рӯзи 10-уми моҳи Баҳмани солшумории шамсӣ таҷлил мегардид ва мутобиқи солшумории мелодӣ ба поёни шаби 30-юм ва оғози рӯзи 31-уми январи солшумории мелодӣ рост меояд. Метавон гуфт, ки Сада пас аз 40 шабонарӯзи омадани Шаби Ялдо (дарозтарин шаби аввали моҳи Дай) ё худ пас аз гузаштани чиллаи калони зимистон фаро расида, чун гиромидошти ойини оташпарастӣ ва бузургдошти Меҳр истиқбол гирифта мешуд.

Тоҷикӣ