Панҷшанбе, Ноябр 24, 2022

Паёми шодбошӣ ба муносибати Рӯзи Парчами давлатӣ

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Панҷшанбе, 24-уми Ноябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!

Имрӯз сокинони Тоҷикистони соҳибистиқлол боз як санаи муҳимми таърихӣ – сиюмин солгарди қабули Парчами давлатиро бо ифтихору шукргузорӣ аз давлату давлатдории миллӣ ва дар фазои орому осудаи кишвар таҷлил менамоянд. Ба ин муносибат мардуми шарифи Тоҷикистонро самимона табрик мегӯям.

Чанд рӯз пеш мо – мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол яке аз санаҳои муҳим ва тақдирсози таърихи миллат – 30-юмин солгарди Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олиро, ки Парчами давлатӣ маҳз дар ҷараёни баргузории он 24-уми ноябри соли 1992 қабул гардид, ботантана таҷлил намудем.

Тоҷикӣ