Панҷшанбе, Декабр 29, 2022

Натиҷаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 29-уми Декабри соли 2022 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

      Санаи 29.12.2022 дар толори маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ ҷаласаи васеи ҳисоботӣ оид ба натиҷаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 ва вазифаҳо барои соли 2023 баргузор гардид.

   Дар кори ҷаласа намояндаи АИКТ Ятимзода Хуршед ноиби президент оид ба масъалаҳои умумӣ, роҳбарони стансияву пойгоҳҳои Институт аъзёни Шӯрои олимон ва аҳли кормандон иштирок намуданд.

    Тибқи рӯзномаи ҷаласа сараввал ҳисоботи директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия н.и.к. Хоҷаев Шариф Идиевич оид ба натичаи фаъолияти Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар соли 2022 шунида ва мавриди таҳлилу баррасӣ қарор дода шуд.

Тоҷикӣ