Октябр 2022

Баргузории Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 27-уми Октябри соли 2022

Санаи 27.10.2022 дар толори муассиса Шӯрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон баргузор гардид.

Ба кори ҷаласа раиси Шӯро Хоҷаев Шариф ҳусни оѓоз бахшида, роҷеъ ба масъалаи якуми рӯзнома суханонӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Корҳои бунёдкориву сабзу хурамгардонӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 22-уми Октябри соли 2022

Ҷиҳати иҷрои нақша – чорабиниҳои 35 - солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва сазовор таҷлил намудани 30 солагии Иҷлосияи 16-уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон ва стансияву пойгоҳҳои он корҳои бунёдкориву созандагӣ ва сабзу хурамгардонӣ давра ба давра иҷро гардида истодааст.

Санаи 22.10.2022 бо иштироки президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, Асозода Н.М., директори Институт Хоҷаев Ш.И., Саркотиби академи Неъматов М., ва кулли кормандони Институт корҳои тозагиву сабзу хурамгардонӣ баргузор гардид.

Тоҷикӣ

Тантанаи ҷашни Меҳргон

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 15-уми Октябри соли 2022 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

«Миллати тоҷик соҳиби ойину сунатҳои бостонӣ ва фарҳанги қадима буда, дар тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштааст. Суннату ойинҳои нек ва ҷашнҳои миллии мо, мисли Наврӯз, Меҳргон ва Сада дар тўли таърих барои тарғиби ахлоқу маънавиёти созанда хизмат кардааст».                                                        

Тоҷикӣ

Паёми шодбошӣ ба муносибати ҷашни Меҳргон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Шанбе, 15-уми Октябри соли 2022

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо бо фарорасии ҷашни Меҳргон - яке аз куҳантарин ойинҳои мардуми куҳанбунёди тоҷик, ки айёми ҷамъоварии маҳсули заҳмати кишоварзон, айёми фаровонӣ ва шодиву нишот мебошад, самимона табрик мегӯям.

Меҳргон дар таърихи тамаддуни мардумони ориёитабор пас аз Наврӯз дуюмин ҷашни бузург аст, ки бо табиат ва кишоварзиву боғдорӣ иртиботи мустақим дорад ва инъикоскунандаи решаҳои амиқи иҷтимоиву иқтисодӣ ва маънавию фарҳангӣ мебошад.

Яъне Меҳргон ҷашнест, ки бар асоси қонунҳои табиат, баробаршавии шабу рӯз дар фасли тирамоҳ ва ҷамъоварии ҳосилоти кишоварзиву боғдорӣ ташаккул ёфтааст.

Дар ин рӯз ниёгони мо бо шукргузорӣ аз ҳосили бадастомада орзуи фаровониву пурборӣ ва ваҳдату ягонагиро мекарданд.

Тоҷикӣ

Поздравительное послание по случаю праздника Мехргон

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Шанбе, 15-уми Октябри соли 2022

Уважаемые соотечественники!

Искренне и тепло поздравляю всех вас с наступлением праздника Мехргон – одного из древнейших праздников таджикского народа с его многотысячелетней историей, праздника, который приходится на время сбора плодов труда земледельцев, время наступления изобилия, радостей и торжеств.

В истории цивилизации арийских народов Мехргон после Навруза является величайшим праздником, который прочно связан с природой, земледелием и садоводством, символизирует глубокие социально-экономические, духовные и культурные корни и истоки.

Словом, Мехргон – это праздник, который основан на законах природы, равноденствии в осеннее время, сборе урожая, земледелии и садоводстве.

Русӣ

ТАҶЛИЛИ «РӮЗИ ЗАБОНИ ДАВЛАТӢ» ДАР ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Чоршанбе, 05-уми Октябри соли 2022 • Updated on Шанбе, 09-уми Сентябри соли 2023

Санаи 05.10.2022 дар маҷлисгоҳи Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии  Тоҷикистон бахшида ба таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки кормандони муассиса ва намояндаи АИКТ ҷамъомади тантанавӣ баргузор карда шуд. Ҷамъомадро роҳбарияти муассиса ҳусни оғоз бахшида, ҳозиринро ба ифтихори таҷлили «Рўзи забон»-и давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику шодбош гуфтанд ва аз дастовардҳои замони соҳибистиқлолӣ ва ҳифзу пойдории арзишҳои фарҳангии он ёдовар шуда, махсусан қайд карданд: Ҳамагон аз таърихи тамаддун огаҳ ҳастем, ки гузаштагони равшанфикри мо барои пойдории миллати худ ва ҳифзи арзишҳои фарҳангии он махсусан дар пойдору овидона мондани забони шевою волои тоҷикӣ то кадом андоза заҳматҳоиҷ зиёд кашидаанд ва ҷонб

Тоҷикӣ