Январ 2023

ТАНТАНАИ ҶАШНИ САДА ДАР БОҒИ ҲАКИМ АБУЛҚОСИМ ФИРДАВСӢ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 29-уми Январи соли 2023

Санаи 29.01.2023 дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе яке аз ҷашнҳои пуршукӯҳи ниёгон, нишоне аз фарҳанг ва такягоҳу пуштибони таърихи

Тоҷикӣ

Паёми шодбошии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Сада

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Якшанбе, 29-уми Январи соли 2023

Ҳамватанони азиз!

Ҳамаи шуморо ба ифтихори фарорасии ҷашни бостонии Сада самимона табрик гуфта, ба ҳар як хонадони кишвар саломативу хушбахтӣ ва барори кор орзу менамоям.

Сада, ки аз давраҳои бостонӣ ҷашни зимистонии аҷдоди мо шуморида мешуд, дар қатори Наврӯз, Меҳргон ва Тиргон дар фарҳанги миллати куҳанбунёди тоҷик мақому манзалати шоиста дорад.

Бо вуҷуди ҳикмату фалсафаи қадимаву амиқи худ, Сада бар асари омилҳои гуногун тайи асрҳои зиёд камранг ва ҳатто фаромӯш шуда, танҳо ба шарофати истиқлоли давлатӣ эҳё ва мақоми ҷашни миллии расмиро соҳиб гардид.

Имрӯз ҷашни Сада чун падидаи фарҳанги асили аҷдодӣ ба як ҷузъи ҷудоинопазири худшиносӣ ва ифтихори миллии мо табдил ёфтааст.

Тоҷикӣ

Поздравительное послание Лидера нации, Президента Республики Таджикистан, уважаемого Эмомали Рахмона в честь праздника Сада

Ношир: khokshinos.tj Санаи интишор: Якшанбе, 29-уми Январи соли 2023

Дорогие соотечественники!

Искренне, от всей души поздравляю всех вас в честь наступления древнего праздника Сада, и желаю каждому дому, каждой семье здоровья, счастья и новых свершений.

Праздник Сада, с незапамятных времен считающийся зимним праздником наших предков, наряду с Наврузом, Мехргоном и Тиргоном занимает достойное и особое место в культуре древней таджикской нации.

Невзирая на свою древнюю и глубокую мудрость и философию, Сада по причине различных факторов стал блеклым, бледным и почти был забыт в течение многих веков, и только благодаря Государственной независимости возродился и получил статус официального национального праздника.

Русӣ

Тозагиву ободонӣ мароми мост.

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Шанбе, 14-уми Январи соли 2023

       Ҳайати олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ санаи 13.01.2023 дастаҷаъона гируду атрофи бино, роҳраву саҳни онро аз барф ва ахпораҳо таза намуданд. Инчунин дарахтони ороишӣ ва мевадиҳандаро аз барф тоза намуда, системаи хизматрасонии гармидиҳии гармхонаи доимоамалгунандаи назди бинои муассиса ва қубурҳои гармидиҳии муассисаро низ аз назар гузарониданд.

Тоҷикӣ

Иҷрои корҳои агротехникӣ дар хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Душанбе, 09-уми Январи соли 2023

Олимону мутахассисони Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон барои коркарди босифати байни қатори дарахтони мевадиҳанда ва башаклдарории онҳо ба хоҷагии кооперативии истеҳсолии “Сомонҷон”-и ноҳияи Данғара сафарбар гардида, тӯли чанд рӯз аст, ки бо риояи чорабиниҳои агротехникї дастаҷамъона меҳнат намуда истодаанд. Инчунин барои баланд бардоштани ҳосилнокии дарахтони мевадиҳанда, беҳгардонии ҳолати мелиоративии хок ва ворид намудани нуриҳои минералию органикӣ дар байни боғу токзор тавсияҳои судманди илмиро ба кишоварзон пешниҳод намуданд.

Тоҷикӣ