Июн 2024

Ширкати Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷашни Тиргон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 30-уми Июни соли 2024

     30.06.2024. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни бостонии Тиргон, Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукӯҳу ҷалол таҷлил гардид.

      Дар он ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваҷот,  навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда ба мисли шарбат, афшура, обмева ва хушкмеваҳо дар маърази намоиш гузошта шуданд.

      Тиргон ҳамчунин ҷашни кишоварзон маҳсуб мегардад ва ба ин муносибат  кишовразони Тоҷикистон навҳои мухталифи меваи тару тозаи зардолу, олу, олуча, гелос, шафтолу, себ, ангур ва хушкмеваҳо, навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ – тарбуз ва харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

Тоҷикӣ

Баргузории ҳамоиши илмӣ дар Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Сешанбе, 25-уми Июни соли 2024

     Имрӯз дар мавзуи «Саҳми олимони Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар амалӣ намудани ҳадафи стратегии кишвар-таъмини амнияти озуқаворї», дар ҳошияи мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли илм ва маориф (30.05.2024) ҳамоиши илмӣ баргузор гардид.
     Дар кори ҳамоиш меҳмонони даъватшуда аз Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати кишоварзии Тоҷикистон, Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон, Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш. Шоҳтемур, Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, ВАО ва дигар ниҳодҳои дахлдор, ҳамзамон академикҳо, аъзоҳои вобастаи АИКТ, роҳбарони муассисаҳои илмӣ ва зерсорхторҳои онҳо ширкат доштанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 22-уми Июни соли 2024

     22.06.2024. Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ шанбегӣ доир гардид, ки дар он олимону мутахассисон фаъолона ширкат намуда, алафҳои худрӯй ва  гирду атрофи бинои асосии Институтро тоза карданд.

 

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 14-уми Июни соли 2024

Дар   шанбегии   Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ олимону мутахассисон  иштирок намуда, як гурӯҳ гирду атрофи бинои асосии Институтро рубучин ва алафҳои худрӯи онро тоза карданд. Гурӯҳи дигар бошад, дар кори сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда саҳми худашонро гузоштанд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш: Сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар арафаи анҷомёбист

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 14-уми Июни соли 2024

     14.06.2024. Сохтмони  гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои муассиса дар ҳолати анҷомёбист. Қобили ёдоварист, ки ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон,  Раёсати Институти хокшиносӣ ва агрохимия сохтмони чунин як гармхонаро роҳандозӣ мекунад.

     Мақсад аз сохтмони ин гармхона  дар амал иҷро намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолот мебошад.

Тоҷикӣ

Намояндаи Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат"-барандаи яке аз мақомҳо шуд

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 01-уми Июни соли 2024

     01.06.2024. Дар  Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.С. Осимӣ, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даври ноҳиявии озмуни ҷумҳуриявии «Илм -фурӯғи маърифат"-ро натиҷагирӣ ва пирӯзиёни онро муайян карданд. Довталабон дар бахшҳои мухталифи  озмун байни якдигар рақобат намуда, ғолибони даври ноҳиявӣ ба даври шаҳрии озмун роҳхат гирифтанд.

     Қурбоналӣ Салимов номзади илмҳои биологӣ аз Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дар бахши ихтироъкорӣ ва навъоварӣ ширкат намуда, барандаи мақоми III - юм гардид.

Тоҷикӣ