Май 2024

Суратгузориш аз оғози сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар назди бинои Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 31-уми Майи соли 2024

     Раёсати Институти хокшиносӣ ва агрохимия, ҷиҳати иҷрои дастуру супоришҳои Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон, дар назди бинои муассиса ба сохтмони гармхона шурӯъ намуд.

     Ҳадаф аз сохтмони гармхонаи доимоамалкунанда дар амал татбиқ намудани корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар истеҳсолоти кишоварзӣ мебошад.

 

Тоҷикӣ

Баргузории рӯзи саҳроӣ дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и шаҳри Ҳисор

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 29-уми Майи соли 2024

     29.05.2024. Тибқи  қарори Раёсати АИКТ аз 30.01.2024, № 4, «Дар бораи баргузории конференсияю семинарҳои илмию амалӣ дар муассисаҳои илмии АИКТ дар соли 2024», рӯзи саҳроӣ дар мавзӯи “Истифодабарии нуриҳои маъданӣ дар боғҳои интенсивӣ”, дар хоҷагии давлатии ниҳолпарварии “Искич”-и ш. Ҳисор доир гардид. Дар ҳамоиши илмӣ олимону мутахассисони Институти хокштносӣ ва агрохимия, намояндагони хоҷагиҳои деҳқонии шаҳри Ҳисор ва воситаҳои ахбори омма ширкат намуданд.

Тоҷикӣ

Суратгузориш аз ҷараёни шанбегӣ дар Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Шанбе, 25-уми Майи соли 2024

     Имрӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ олимону мутахассисон  дар  шанбегӣ   алафҳои худрӯи гирду атрофи бинои асосии Институтро тоза карда, дар  шинондани гулҳои мавсимӣ  дар саҳни он иштирок намуданд.

Тоҷикӣ

Имрӯзу фардои ҷавонӣ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 23-уми Майи соли 2024

Дар иртибот ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон

                                         Ба рӯзгори ҷавонӣ дуруд бод дуруд     

                                          Ки давраи хуши ман давраи ҷавонӣ буд

Тоҷикӣ

Тақвияти ҳамкории ширкатҳои тиҷоратии Узбекистон бо АИКТ

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Душанбе, 13-уми Майи соли 2024

     13.05.2024. Мутахассисони ширкати Aqilent Technologies International Sari  (Экилент Текнолоджис интернейшинел Сори) бо иштироки Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзӣ ва роҳбарони муассисаҳо ва масъулону кормандони илмии озмоишгоҳҳои Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон дар як чорабинӣ бо истифода аз слайдҳо ва видеоҳо таҷҳизоти пешрафтаи ин ширкатро рӯнамоӣ карданд.

Тоҷикӣ

Баррасии пешдифоии рисолаи докторӣ дар Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Чоршанбе, 08-уми Майи соли 2024 • Updated on Сешанбе, 14-уми Майи соли 2024

    Дар ҷаласаи навбатии Шўрои олимони Институти хокшиносӣ ва агрохимия яке аз масъалаҳои асосӣ, пешдифои рисолаи доктории ходими калони илмӣ  Бобишо Холзода дар мавзӯи «Асосҳои илмии истифодаи нуриҳои органикӣ ва минералӣ оид ба ҳосилнокии картошка дар минтақаҳои гуногуни агроэкологии Тоҷикистон» буд, ки дар он Президенти АИКТ Амонулло Салимзода, аъзоёни Шўро ва олимони Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Ш.Шотемур ширкат намуданд.

     Нахуст ҷаласаро Раиси Шўро Шариф Хоҷаев ифтитоҳ ва ҳозиринро бо рӯзномаи ҷаласа шинос намуд. Сипас, Бобишо Холзода дар доираи корҳои илмӣ-таҳқиқотии рисолаи доктории худ суханронӣ намуда, ширкаткунандагонро бо муҳтаво ва натиҷаҳои илмии  ба даст овардашуда муаррифӣ кард. 

Тоҷикӣ

Боздиди Президенти АИКТ аз Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии Институти хокшиносӣ ва агрохимия

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Ҷумъа, 03-уми Майи соли 2024

     03.05.2024. Имрӯз Амонулло Салимзода Президенти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо ҳамроҳии Шариф Хоҷаев директори Институти хокшиносӣ ва агрохимия зимни сафари корӣ ба Пойгоҳи минтақавии таҷрибавӣ дар шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурии муассиса, бо ҷараёни кишту кори баҳории зироатҳои кишоварзӣ, инчунин аз қитъаҳои таҷрибавии корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ дар доираи лоиҳаҳои фармоишӣ, вазъи феълии гармхонаҳои лимупарварӣ ва дигар намуди кору фаъолияти олимону мутахассисони қитъаҳои таҷрибавии Карсанг дар н. Файзобод ва Тангаӣ дар ш. Ваҳдат аз наздик шинос шуда, дар кишти картошка ширкат намуданд.

Тоҷикӣ

Ҷаласаи умумии олимону кормандони Институт доир ба нукоти муҳими суханони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Панҷшанбе, 02-уми Майи соли 2024

     02.05.2024. Дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ, ҷаласаи умумии олимону кормандон баргузор гардид. Дар кори ҷаласа нахуст Шариф Хоҷаев директори Институт аз олимони варзида хоҳиш намуд, ки бештар вақти худро ба ҷалби илмомӯзии  ҷавонон  сарф намоянд. Чун таваҷҷӯҳи давлату ҳукумати кишвар ба рушд ва пешрафти илм дар ҷомеаи Тоҷикистон мебошад. Агар ҷавонони тоҷик вақти бештари худро ба корҳои судманд барои интихоби тахассус ва ояндаи худ сипарӣ намоянд, фоида ҳам ба худ ва ҷомеа хоҳад расид. Нигаронии Ҳукумати Ҷумҳурӣ ба авзои сиёсии ҷаҳон буда, шаҳрвандони кишварро таъкид месозанд, ки ба сарнавишти минбаъдаи миллати тоҷик бетафовут набошанд.

Тоҷикӣ