Ҷашни Сада дар пойтахти Тоҷикистон бо шукуҳ таҷлил гардид.
28 январ дар Боғи фарҳангию фароғатии ба номи Абулқосим Фирдавсии шаҳри Душанбе ҷашни Сада яке аз ҷашнҳои қадимаи ниёгон, нишоне аз мероси фарҳанги тоҷикон, ҷашни тавъам ба кайҳону солшуморӣ ва кишту кори кишоварзӣ бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил гардид.
Дар даромадгоҳи ҷашнгоҳ оташ, ки рамзи ин ид аст афрӯхта шуда, дар атрофи он сокинон ва меҳмонони пойтахт рақсида, таронахонӣ ва шодмонӣ мекарданд. Бахусус кӯдакон бо либосҳои миллӣ ва дар даст олоти кишоварзӣ аз ин ҷашни ниёгонамон бо хушнудӣ истиқбол мекарданд.