Соли нуҳум аст, ки дар Тоҷикистон аз Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо шукӯҳ ҷашн гирифта мешавад. Дар мавзуи “Поягузори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона” дар Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон (АИКТ) дар ин робита мизи мудаввар баргузор гардид.
Дар ин чорабинӣ президенти АИКТ, роҳбарон ва намояндагони муассисаҳои илмӣ, олимони соҳаи кишоварзӣ ва меҳмонон иштирок намуданд. Бо сухани муқаддимавӣ Амонулло Салимзода чорабиниро ифтитоҳ намуда, ҳамаи ҳуззорро ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шодбош гуфт. Ӯ зимни суханронӣ аз нақш ва самтҳои мухталифи фаъолият ва хизматҳои шоёни Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуда гуфт, ки: “Имрӯз ба тамоми мардуми Тоҷикистон ва тоҷикони бурунмарзӣ як рӯзи махсус аст. Қобили ёдоварист, ки дар таърихи 16 ноябри соли 1992 дар маркази вилояти Суғд, шаҳри бостонии Хуҷанд Иҷлосияи 16-уми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити барои миллати тоҷик хеле ҳассос, сарнавиштсоз ва мушкил баргузор гардид, ки дар он Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби вакилон ба ҳайси раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданд.
Президенти АИКТ ҳамчунин ёдовар шуд, ки ҳадафи таҷлил аз ин рӯз дар он аст, ки шурӯъ аз ҳамин рӯзи тақдирсоз ва муайянкунандаи густариш ва пойдории ояндаи Тоҷикистон марҳилаи нави муҳими давлатӣ, дар доираи Конститутсияи давлати соҳибихтиёр дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, идоракунии президентӣ оғоз ёфт.
Ҳамзамон, дар ҷараёни чорабинӣ олимон ва мутахассисони муассисаҳои илмии Академия академикҳо Толиб Набиев ва Давлатҷон Комилзода, Маҷид Салим, инчунин ҳамкоронамон Мадина Шаҳобова ва Парвина Сониева роҷеъ ба нақши Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пешрафти илми кишоварзӣ, аз шуҳрати ҷаҳонии Пешвои миллат, таваҷҷӯҳи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбат ба кадрҳои ҷавон, аз хизматҳои бузурги Сарвари давлат дар барқарории сулҳу суботи комил ва таҳкими ваҳдати миллӣ, дар арсаи байналмилалӣ шиносоӣ шудан ҳамчун шахси сулҳофару сулҳпарвар, сарҷамъкунандаи миллат, инчунин фароҳам овардани шароит барои мардуми кишвар ва пешоҳанги ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ будани Тоҷикистонро таъкид карданд.
Ба ҳамаи мардуми кишвар ва тоҷикони бурунмарзӣ Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳумоюн бод!