Дар иртибот ба Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
Ба рӯзгори ҷавонӣ дуруд бод дуруд
Ки давраи хуши ман давраи ҷавонӣ буд
Бинобар иттилои Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, 29 дарсади аҳолиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (яъне 2 миллиону 933 ҳазор нафар) ҷавонон ташкил медиҳанд. Тибқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҷавонон ва сиёсати давлатии ҷавонон» аз соли 2004, ҷавонон гуфта, ҳамон қишре дар назар дошта мешавад, ки аз 14 то 30 сол дорад.
Имрӯз ҷавонони мо ид доранд. Агар назаре ба таърихчаи ин рӯз намоем, 23 майи соли 1997 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавони Тоҷикистон мулоқот намуда, Фармон «Оид ба баъзе масъалаҳои беҳтар кардани кор бо ҷавонон»-ро имзо карданд. Ин рӯзи таърихӣ сабаб гардид, ки дар кишвар минбаъд Рӯзи ҷавононро таҷлил намоем.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар паёми охири худ ба муносибати Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон аз нақши ҷавонон дар ояндаи ҷомеа чунин ишора кардаанд: «…Дар замони муосир танҳо кишварҳое ба дастовардҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ ва рушди устувори илмиву фарҳангии ҷомеа муваффақ мегарданд, ки ба масъалаи ҷавонон таваҷҷуҳи зарурӣ дода, имкониятҳои фаровони зеҳнӣ ва ҷисмонии онҳоро ба самти дурусту созанда сафарбар намоянд.»
Дар ҳар давру замон ҷавононро сармояи асосии кишварҳо барои рушди ҷомеаи худ медонанд. Давраи ҷавонӣ, ки ба камолоти комил, ошноӣ бо тафаккури мантиқӣ ва донистани масъалаҳои ахлоқию иҷтимоӣ рост меояд, аз он бояд барои тарбияи солим, хидмат ба ҷомеа ва миллат истифода шавад. Ҷавонон асоси як ҷомеаро ташкил медиҳанд ва ояндасози ҷомеа ҳастанд. Хушбахтона, ҷавонони имрӯз хеле баҳуш, равшанфикр ва эҷодкоранд. Дар даврони соҳибистиқлолӣ ин қишри ҷомеаи мо рӯзи ид доранд, ки ҳамасола 23 майро ҳамчун Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон дар саросари кишвар бо шукӯҳу ҷалол ҷашн мегиранд.
Рӯзи ҷавонон як рӯз нест, балки тамоми рӯзҳо ҷавонӣ ҳаст. Ин номгузорӣ рамзест барои ёдоварии даврони шукӯҳманд дар зиндагӣ, давроне ки мисли он дигар ёфт нахоҳад шуд. Бояд на фақат дар чунин рӯзе аз ҷавонӣ ва ҷавонон ёдовар шуд, балки дар тули сол ба ҳамаи муваффақияту дастовардҳо ва ҳалли мушкилоти онҳо дастаҷамъона саҳмгузор бошем.
Дар мавриди нақши ҷавонон дар ҷомеа, соҳибназарон ба чунин андешаанд, ки нақши ин қишр дар ҷомеа муҳим ва арзанда дониста шудааст, зеро ҷавононро барои фардои ҷомеа масъул медонанд. Ҷавонӣ ёдовари рузгори хуше аст, гаштанҳо, дидорҳо, хандаҳо, шодиҳо ва ... даврањоест, ки њељ гоњ барнамегарданд, аз ин рў бояд ба љавонон фурсати лаззат бурдан аз ин давронро дод ва дар айни ҳол аз гавҳари вуҷудии худ низ истифода кард.
Ҷавонӣ чун саворе буду бигзашт
Ба гулзоре баҳоре буду бигзашт.
Оре, ҷавонӣ давраи дилхушиҳост, давраи раҳоӣ аз бандҳое аст, ки дар сину соли дигар дасту пойи инсонро мебандад. Энержии васфнопазире ки дар даврони ҷавонӣ вуҷуд дорадро ҳеҷ гоҳ наметавон дар давраи дигаре аз зиндагиамон пайдо кард. Сариҳол, шоду пурэнержӣ, орзуҳои ояндасоз ва ғайра, ҳамагӣ фақату фақат дар ҷавонӣ ёфт мешавад. Ба ҳамин далел аст, ки тамомии шоирон номи ҷавониро чун дурри гаронбаҳо медонанд, ки бо ҳеҷ пулу моле наметавон онро харид.
Ҳоло, ки ман ҷавонам, дунё пур аз ҷавонист,
Ҳар ҷо, ки по гузорам, он ҷо пур аз ҷавонист
Имрӯз гар ҷавонам дар орзуи фардо,
Имрӯзи ман ба номи фардо пур аз ҷавонист.
Мо фақат бузургсолон, падару модар, бародару хоҳарбузургон метавонем роҳнамо барои ин қишри ҷомеа бошем. Ҷавононро бояд фаҳмид, дарк кард, шинохт ва бояд зери пойи онҳо поя шуд то боло раванд. Болоравии онҳо беҳбудии тамоми ҷамъият аст ва ҳамчунин боиси нашъунамои кишвар ва дар ниҳояти кор боиси ифтихори ҳамаи мо мегарданд.
Вақте ҷавон будем мо ҳам чунин андеша доштем, ки: «… тамоми ҳастӣ дар дасти ман аст, оромӣ ва хотираи бепоёни қадамҳои ман дар рӯи замин ҳама ҷо меравад, ҳама орзуҳо, ҳама умедҳо ва эътиқодҳои осмонӣ дар ман амалӣ мешаванд ва хушбахтии маро ҳеҷ тарси ояндаи он намеларзонад. Чунки ман ҷавонам.»
Ҷавонӣ, сармояи беҳамто аст, ки бар шонаҳои мо нишаста, ва моро ба ояндаи дурахшон мебарад. Ҷавонӣ, бо дастони тавонмандаш ҳеҷ орзӯеро маҳол ё ғайримумкин намедонад. Ва чашмҳои ҳамеша хушбини ӯ аз ҳеҷ мақсаде дур намемонанд. Баъзеҳо ба чунин назаранд, ки: “Ҷавонӣ иборат аз зиндагиву зиндагӣ, ҷавонӣ танҳо ободӣ дар миёни саҳрои зиндагӣ, баҳори умр ва лабханди зебое бар лабҳои хушкидаи рӯзгор аст.”
Ин ба чунин маъност, ки мо як ҷавони фаъолу қобилиятеро мебинем, ки берун аз зиндагӣ дар назди худ ҳадаф гузошта ва ҳастии худро ҳалқаи занҷири миллаташ гузоштааст ва садои орому баланд дорад ва баъдан барои расидан ба ҳадафаш кор мекунад. Ва бо суръат ҳамчун раъду барқ, бо қуввати туфонҳои шадид, бо суботу устуворӣ ба сӯи камолот мешитобад ва дар роҳи ҳаёт ҳамеша дар мубориза аст.
Ҳар ҷавони тоҷикистонӣ бояд аз имкону шароити барояш фароҳам овардаи давлату ҷомеа ва ҳуқуқҳояш пурсамар истифода намояд. Қабл аз ҳама илми замони худро азхуд кунад, соҳиби донишу фарҳанг ва тахассус бошад. Пеш аз ҳама ба қадри волидайн ва ватани худ расида, дар пешрафти ҷомеа нақшгузор бошад. Ҳеҷ гоҳ фаромӯш накунед, ки ҷавонӣ, беҳтарин фурсати одамӣ барои пасандози тамоми хушбахтиҳои ҷаҳон аст.
Тамоми ҷавонони кишвар ва ҳамаи афроде, ки аз даврони ҷавонӣ лаззат бурдаандро ба чунин рӯзи пурфарраҳ табрик мекунам ва ҳамеша хушҳолу саломат ва ҷавон бимонед.
Заррина Абдулвоҳидова, мудири шуъбаи иттилоот,
машварат ва татбиқи дастовардҳои илмии
Институти хокшиносӣ ва агрохимия