+992 227-19-79 Асосӣ | Харитаи сомона | Тамосҳо |
KHOVAR.TJ
- Садриддин Айнӣ (1878 – 1954)
-
Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба асосгузори адабиёти муосири тоҷик Садриддин Айнӣ унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Бобоҷон Ғафуров (1909 – 1977)
-
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Солҳои 1944-1946 котиби дуюм, с.1946-1956 котиби якуми КМ Ҳизби комунистии Тоҷикистон, 1956 – 1977 сарвари Пажуҳишгоҳи шарқшиносии ИҶШС.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 08 сентябри соли 1997 ба таърихшинос ва шарқшиноси шинохтаи тоҷик, академик, муаллифи китоби «Тоҷикон» Бобоҷон Ғафуров унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Мирзо Турсунзода (1911-1977)
-
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз 07 майи соли 2001 ба шоири халқии Тоҷикистон, ходими намоёни ҷамъиятӣ Мирзо Турсунзода унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шуд. - Эмомалӣ Раҳмон
-
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат.
Бо қарори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 11 декабри соли 1999 барои мустаҳкам намудани давлатдории соҳибистиқлол ва пойдории сулҳ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” мукофотонида шудааст. - Нусратулло Махсум (1881 – 1938)
-
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Нусратулло Махсум унвони олии “Қаҳрамони Тоҷикистон” дода шудааст. - Шириншоҳ Шоҳтемур (1899 – 1937)
-
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Бо фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 июни соли 2006 ба фарзанди барӯманди халқи тоҷик Шириншоҳ Шоҳтемур, унвони олии «Қаҳрамони Тоҷикистон» дода шудааст.
Роҳбарият
Қонунгузорӣ
Менюи асосӣ
Воридшавӣ
Бойгонии моҳона
- Октябр 2022 (6)
- Ноябр 2022 (7)
- Декабр 2022 (7)
- Январ 2023 (5)
- Феврал 2023 (4)
- март 2023 (2)
- апрел 2023 (8)
- Май 2023 (4)
- Июн 2023 (7)
- Июл 2023 (1)
- Сентябр 2023 (6)
- Октябр 2023 (6)
- Ноябр 2023 (10)
- Декабр 2023 (12)
- Январ 2024 (6)
- Феврал 2024 (9)
- март 2024 (11)
- апрел 2024 (4)
- Май 2024 (13)
- Июн 2024 (10)
Саҳифаҳо
Президент
Паёми шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати ҷашни Тиргон
Хизматрасониҳо
Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон хизматрасониҳои зеринро мувофиқи Оиннома пешниҳод менамояд:
- гузаронидани ташхиси хокҳои ҷумҳурӣ доир ба хусусиятҳои агрокимиёвӣ, физикӣ, физикӣ – кимиёвӣ, оби – физикӣ, биологӣ, иқлимӣ ва дигар хусусиятҳо;
- гузаронидани корҳои таълимӣ, тарбия ва тайёр намудани кадрҳои баландихтисоси соҳаи агрокимиё ва хокшиносӣ;
- қабули аспирантон, унвонҷӯён, магистрантон ва докторанон аз рӯи ихтисоси РhD;
- тезонидани раванди илми-техникӣ дар соҳаи хокшиносӣ, агрокимиё, мелиоратсия, агроиқлимӣ, коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилнокии зироатҳо, дар маҷмӯъ истифода бурдани захираҳои обу хок, дар амал ҷорӣ намудани низоми сарфакорона истифода бурдани захираҳои табии дар соҳаи кишоварзӣ, коркарди низоми агроландшафтӣ ва биологикунонӣ дар соҳаи зироаткорӣ;
- омӯзиши масъалаҳои афзалиятноки соҳаи кишоварзӣ, ки барои амали сохтани сиёсати аграрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон нигаронида шудаанд;
- коркарди асосҳои оқилона истифода бурдани замин ва бо назардошти тағъирёбии иқлим такмили усулҳои нигоҳ доштани намии хок ва сарфакорона истифода бурдани об дар соҳаи кишоварзӣ;
- дуруст ба роҳ мондани муносибатҳои байниҳамдигарии Институт бо сохторҳои зертобеи он;
- омӯзиш ва ҷамъбаст намудани дастовардҳои илмии ватанӣ ва хориҷӣ баҳри беҳтар истифода бурдани он дар рушди истеҳсолот;
- бо мақсади фаъолияти пурмаҳсули илмӣ, таъмин ва муҳаё намудани шароитҳои меҳнатӣ барои олимони Институт.
Дар баробари вазифаҳои асоси ба ӯҳдаи Институт вогузор карда шудааст:
- коркарди чорабиниҳои илмию техникӣ, таълимӣ, пешгӯии иқтисодӣ ва тарҳрезии барномаҳо оид ба истифодаи самараноки захираҳои хок ва замин дар минтақаҳои обёришаванда, суръат бахшидани истифодаи заминҳои лалмӣ, аз худ намудани заминҳои нав ва баланд бардоштани ҳосилнокии заминҳои чарогоҳ;
- гузаронидани маслиҳатҳои илмию методӣ ҷиҳати таҳқиқи хок, баҳо додан ба сифати хок баҳри андешидани тадбирҳои зарурӣ бар зидди таназзулёбии хок;
- гузаронидани корҳои ташфиқотию фаҳмондадиҳӣ, семинару машваратҳо дар бораи истифодаи самараноку оқилонаи замин, коркарди хок, кишт ва истифодабарии самараноки нуриҳои органикию маъданӣ;
- таъмин намудани назорати муаллифӣ барои ҷорӣ намудани технологияи муосир;
- иштирок дар корҳои илмию тадқиқотӣ, ки дар асоси шартномаҳои тарафайн аз ҷониби Институтҳои илмию тадқиқотии мамлакатҳои хориҷӣ гузаронида шудаанд.