Рӯзи умуми ҷаҳонии хок

Ношир: Эмомов И. М. Санаи интишор: Душанбе, 06-уми Декабри соли 2021

 Ҷамъомади тантанавӣ бахшида ба “Рӯзи умуми ҷаҳонии хок”-дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон. Ҷамъомадро директори Институт Хоҷаев Шариф оғоз намуда, ҳозиринро бо ин рӯз табрик намуда иброз намуданд, ки хок ин ҷузъи таркибии муҳити зисти инсон, наботот ва ҳайвонот, асоси фаъоляти хоҷагидорӣ буда ҳифзи он яке аз вазифаҳои муқаддаси ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад. Конфронси Ташкилоти умумиҷаҳонии озуқа моҳи июни соли 2013 пешниҳоди таҷлили Рӯзи умумиҷаҳонии хокро якдилона тасдиқ кард ва он дар кунгураи 68- уми Созмони Милали Муттаҳид расман қабул гардид. Моҳи декабри соли 2013 Маҷмаи Созмони Милали Муттаҳид 5- уми декабри соли 2014- ро аввалин Рӯзи байналмилалии хок муқарар намуда то имрӯз ин санаро ҳамчун Рӯзи умуми ҷаҳонии хок дар дунё ҷашн мегиранд. Сипас олимону кормандони Институт ба сухан баромада доир ба мавқеъ ва аҳмияти хок дар рушди илмӣ кишоварзӣ аз қадим то имрӯз суханронӣ намуданд.

Тоҷикӣ

Меню: