- генезис ва таснифоти хок, омӯзиши ҷуғрофии хок бо мақсади самарбахш истифода бурдани захираҳои хок;
- коркарди усулҳои баланд бардоштани ҳосилхезии заминҳои мелиоратсияшуда ва регзаминҳо;
- мелиоратсияи шӯрзаминҳо, заминҳои камқуввату ботлоқзор ва шусташуда;
- коркарди сохти нави ҳифзи табии хоку замин;
- баҳои сифатии хок (бонитировка) ва кадастри хоку замин;
- коркард ва пешгӯи намудани инкишофи равандҳои шусташавӣ ва баланд бардоштани ҳосилнокии хокҳои ба шусташавӣ гирифторшудаи заминҳои лалмӣ;
- коркарди технологияи низоми обёрии гуногун дар истифодаи заминҳои пуштакӯҳ барои зироатҳои гуногун;
- омӯзиш ва тартиб додани харитаҳои гуногуни хок;
- коркард ва такмил додани усулҳои баланд бардоштани самарабахшии истифодаи нуриҳои органикӣ ва маъданӣ, кам кардани таъсири манфии онҳо ба сифати маҳсулот;
- ташхиси хок ва рустанӣ - коркарди ба муҳит мувофиқ сохтани сохтори кишоварзӣ;
- коркарди камералии ташхисҳои физикӣ, кимиёи, биологӣ ва мелиоративӣ.
+992 227-19-79 Асосӣ |
Харитаи сомона |
Тамосҳо |




Адиб, олим ва асосгузори адабиёти муосири тоҷик. Аввалин Президенти Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон. Муаллифи асарҳои «Таърихи амирони манғитияи Бухоро», «Таърихи инқилоби фикрӣ дар Бухоро», «Намунаи адабиёти тоҷик», «Дохунда», «Ғуломон», «Ёддоштҳо» ва дигар асарҳо, ки ба 29 забони хориҷӣ нашр шудаанд.
Олим, академики Академияи Илмҳои ИҶШС, арбоби ҳизбӣ ва давлатӣ, муаллифи китоби оламшумули «Тоҷикон» ва зиёда аз 300 асару мақолаҳо.
Шоири халқӣ, раиси Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Қаҳрамони меҳнати сотсиалистӣ, Раиси Кумитаи якдилии халқҳои Осиё ва Африқо. Барои достонҳои «Қиссаи Ҳиндустон»(1948), «Ҳасани аробакаш», «Чароғи абадӣ», «Садои Осиё»,(1960) «Ҷони ширин» (1963) бо ҷоизаҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва байналмилалии ба номи Ҷ. Неҳру (1967) сарфароз шуда буд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон. 19 ноябри соли 1992 дар иҷлосияи XVI Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон раиси Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 6 ноябри соли 1994 бори аввал, солҳои 1999, 2006 ва 2013 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидаст.
Нусратулло Махсум (Лутфуллоев) ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1924-1926 раиси Кумитаи инқилобии ҶМШС Тоҷикистон, солҳои 1926-1933 раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
Ходими давлатӣ ва ҳизбӣ. Солҳои 1929-1931 котиби Ҳизби коммунистии ҶШС Тоҷикистон, солҳои 1933-1937 Раиси Кумитаи Иҷроияи Марказии ҶШС Тоҷикистон.
























