Таҷлили иди Наврӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Якшанбе, 19-уми марти соли 2023

     Санаи 17-юми марти соли 2023 бахшида ба муносибати иди Наврӯз дар Институти хокшиносӣ ва агрохимияи Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон чорабинии тантанавӣ баргузор гардид. Дар кори ҷаласа котиби илмии АИКТ Умаршоҳ Холзода, Аслиддин Ғоибов мудири бойгонии АИКТ ва кулли кормандон фаъолона иштирок намуданд.
     Дар нахуст директори муассиса Ш.И. Хоҷаев дар оғози маросим меҳмонону кормандонро бахшида ба фарорасии иди Наврӯз самимона табрик намуда, ишора ба таърихи ин ҷашни миллӣ таъкид кард, ки Тоҷикистони соҳибистиқлол имрӯз волотарин суннатҳои Наврӯзро чун дар аҳди шоҳон Куруши Кабир, Доро, Исмоили Сомонӣ ва шуарои он давру замонро аз нав эҳё намуд ва шукӯҳи тоза бахшид.
     Директори муассиса ҳамзамон ба иқдомоти ҷаҳонӣ шудани Иди Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии кишвар Конфронси байналмилалии Кумитаи ҳифзи мероси фарҳангии Созмони Милали Муттаҳид, ки дар шаҳри Абу Дабӣ аз 28 сентябр то 02 октябри соли 2009 баргузор гардида буд, ишора намуд. Аз ҷумла ёдовар шуд, ки дар ин ҷамъомад аз 30 сентябри соли 2009 Наврӯз аз ҷониби ЮНЕСКО ба феҳристи ёдгории ғайримоддии фарҳангии башарият, ки дар доираи барномаи ин ташкилоти бонуфуз, тартиб дода мешавад, дохил гардид. Бо пешниҳоди кишварҳои форсизабон амсоли Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пуштибонии дигар кишварҳои ҳавзаи Наврӯз, ин ҷашни миллии мо, 19 феврали соли 2010 дар иҷлосияи 64-уми Маҷмааи Умумии Созмони Милали Муттаҳид - Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон карда шуд ва аз ин ба баъд дар баъзе аз кишварҳо ва созмонҳои бонуфузи ҷаҳон бо шукуҳу шаҳомат ҷашн гирифта мешавад.
     Сипас, намояндаи АИКТ  Умаршоҳ Холзода, Аслиддин Ғоибов мудири бойгонии АИКТ ва Шариф Қараев раиси Иттифоқҳои касабаи институт дар рафти чорабинӣ  кулли кормандонро ба муносибати иди Наврӯз табрик гуфта, тансиҳативу хонаободӣ, саодату пирўзӣ ва ба Тоҷикистони соҳибистиқлоламон суботу оромии ҷовидонаро таманно намуданд.
     Дар идомаи ҷашни Наврӯзӣ хуљастапай кормандони масъул ва фаъоли муассиса, котиби илмӣ Ёқубҷон Уроқов ва нозири кадрҳо Шабнами Раҳмонҷон барандагони ин ин ҷашни идона бо суханҳои зебо ва бо ашъор дар васфи баҳору наврӯз тамоми ҳозиринро табрик карданд. Тибқи барномаи идона љавонон дар васфи баҳору наврӯз шеъру тарона хони намуданд.
     Чун анъана дар таҷлили ҷашнҳои наврӯзӣ дар Тоҷикистон ба расму ойин ва сунатҳои он эҳтиром гузошта мешавад. Ба мисли таҳияи ғизоҳои миллии баҳорӣ ва оростани суфраи “Ҳафтсину ҳафтшин”, намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ ва дигар расму одоби наврӯзиро дар намоиш гузоштанд.
     Дар фарҷом тамоми кормандон ва меҳмонон бо руҳияи идона ва иҷрои маросими наврӯзӣ бо овозхониву рақсу бозӣ  ҷамъомади идонаро бо шукӯҳ ҷашн гирифтанд.

Тоҷикӣ

Меню: