ТАҶЛИЛИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ ДАР ТОЛОРИ ИНСТИТУТИ ХОКШИНОСӢ ВА АГРОХИМИЯ

Ношир: Ҳайати тадорукот Санаи интишор: Панҷшанбе, 22-уми Феврали соли 2024

    Санаи 22 феврали соли ҷорӣ, дар толори муассиса бо иштироки Пезиденти Академияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бахшида ба “Рӯзи таъсисёбии Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон" маҷлиси тантанавӣ баргузор гардид. Дар маҷлис ҷанговарони интернатсионалӣ, полковники адлия - Холзода Умар, полковники эҳтиётии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон -Ғоибов Аслиддин, полковники мустаъфӣ - Ятимзода Хуршед ва собиқадори ҷанги Афғонистон - Аминов Шариф иштирок намуданд.

      Сараввал президенти АИКТ - Салимзода Амонулло Файзулло иштирокчиёнро ба ин ҷашн табрику таҳният гуфта, иброз доштанд, ки дар тӯли 31 соли фаъолият сохторҳои гуногуни ҳарбӣ ба бисёр дастовардҳои назаррас ноил гардиданд, ки онҳоро дар чанд ҷумла дарҷ кардан ғайриимкон аст. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин самт назари махсус зоҳир намуда, рушди Қувваҳои Мусаллаҳро пояи асосии давлатдорӣ меҳисобад.

    Дар идома, аъзои ташкилоти ибтидоии ҳизбии "Махзани илми кишоварзӣ" - Ҷамила Саидова, Ғоибов Аслиддин ва Додова Рисолат баромад намуда, нақши Артиши миллиро дар худшиносии миллӣ баён доштанд.

     Дар фарҷом ба собиқадорон туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.

 

Тоҷикӣ

Меню: