Ширкати Институти хокшиносӣ ва агрохимия дар ҷашни Тиргон

Ношир: Майрамбӣ Зокиро... Санаи интишор: Якшанбе, 30-уми Июни соли 2024

     30.06.2024. Имрӯз дар Муассисаи давлатии «Боғи Ирам»-и шаҳри Душанбе ҷашни бостонии Тиргон, Иди зардолу ва намоиши «Хушкмеваҳои Тоҷикистон» бо шукӯҳу ҷалол таҷлил гардид.

      Дар он ташкилоту муассисаҳои мухталифи кишвар даҳҳо номгӯи маҳсулоти корхонаҳои коркарди меваҷот,  навъҳои гуногуни меваи зардолу, маҳсулоти аз он омодашуда ба мисли шарбат, афшура, обмева ва хушкмеваҳо дар маърази намоиш гузошта шуданд.

      Тиргон ҳамчунин ҷашни кишоварзон маҳсуб мегардад ва ба ин муносибат  кишовразони Тоҷикистон навҳои мухталифи меваи тару тозаи зардолу, олу, олуча, гелос, шафтолу, себ, ангур ва хушкмеваҳо, навъҳои ғалладонагӣ, зироати полезӣ – тарбуз ва харбузаро ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.

     Инчунин ҷашни Тиргон низ пайвастагӣ ба рӯзест, ки киштварзон барои дарави гандум омода ва шурӯъ ба ҷамъоварии ҳосили нав мекунанд.

     Олимони соҳаи кишоваразӣ, аз ҷумла Институти хокшиносӣ ва агрохимияи АИКТ дастовардҳои илмии худро ба намоиш гузошта, бо ғизоҳои миллии тоҷикӣ хони Тиргон оростанд.

     Тиргон дар фасли тобистон фаро мерасад ва он ҷашни об низ ҳаст, ки  дар ҷо-ҷои макони ҷашн ҳавзҳои сунъии об омода шуда буд, ки бахусус кӯдакон бо хушҳолӣ аз онҳо оббозӣ ва бузургсолон обпошӣ карданд.

     Ёдовар мешавем, ки  соли дуюм аст дар саросари Тоҷикистон мардум аз ин ҷашни бостонии чандҳазорсолаи гузаштагонамон бо як ҳисси ватандӯстиву ифтихор, ба мисли ҷашнҳои дигар – Сада, Наврӯз, Меҳргон ва эҳёи ҷашни Тиргонро таҷлил намуда, онҳоро гиромӣ медоранд. Чун инҳо ҷашнҳои гурӯҳиву дастаҷамъӣ ва хурсандӣ буда, ҳамаи инсонҳоро гирди ҳам меоваранд.    

     Ҷашни ТИРГОН ба ҳамагӣ муборак бошад ва имсолро пурбаракату серҳосил ва фаровон гардонад!

Тоҷикӣ

Меню: